Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

УРЕМИЯ

uremia

УРЕМИЯ (аз юнонӣ uron — пешоб ва haima — хун), худзаҳролудкунии шадид ё музмини организм, ки дар натиҷаи номураттабии кори гурда ба вуҷуд меояд. Уремияи шадид ҳангоми заъфи пуршиддати гурда (дар давраи олигурия — кампешоби) пайдо мешавад, ки дар натиҷа дар хун миқдоран креатинин, карбамид, индикан ва аммиак хеле зиёд …

Муфассал »

УРДУН

urdun

УРДУН, Шоҳии ҲошимииУрдун давлатест дар Шарқи Наздик Масоҳат 95,4 ҳазор км2 (беш аз 6,6 ҳазор км2-и онро соли 1967 давлати Исроил ишғол кардааст). Аҳолиаш 3,5 млн нафар (охири 1982), аз ҷумла 0,85 млн нафар дар ҳудуди ишғолкардаи Исроил эиндагӣ мекунанд. Қариб 95% аҳолӣ арабҳоанд, боқимонда — арманиҳо, форсҳо, туркҳо, курдҳо …

Муфассал »

Шаҳри УРГУТ

urgut-01

УРГУТ, шаҳр (аз 20 марти 1973), маркааи раёни Ургути вилояти Самарқанди РСС Узбакистон. Дар доманаи қаторкӯҳи Зарафшон, 44 км ҷанубу шарқтар аз шаҳри Самарқанд воқест. Дар шаҳр комбинти хизмати маишӣ, фабрикаи бофандагӣ, устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ, матбаа, заводҳои хишт, шир, ферментасияи тамоку, сехҳои лимонаду қаннодӣ мавҷуданд. 2 китобхона, музеи …

Муфассал »

УРДИБИҲИШТ

УРДИБИҲИШТ, моҳи дуюми солшумории шамси, ки ба 21-уми апрел—21-уми май рост меояд. Нигаред низ Солшуморӣ.

Муфассал »

Харбузаи УРГАНҶӢ

xarbuza1

УРГАНҶӢ, як навъ харбузаи миёнсолист. Тухмшакл (дарозиаш 17— 23 см). Пӯсташ туртӯр, сабзи зардтоб, мағзаш сафед, ғафс (4—6 см),сершираву ширин (5,5—7,1% қанд, аз он ҷумла 2,6—4,9% сахароза, инчунин 7,2— 9,7% моддаҳои хушк дорад). Вазни як донааш 2,5—4 кг. Даври нашваш (аз нешзани то пухтани ҳосил) 72—78 рӯз. Аз ҳар га …

Муфассал »