УРГАНҶӢ, як навъ харбузаи миёнсолист. Тухмшакл (дарозиаш 17— 23 см). Пӯсташ туртӯр, сабзи зардтоб, мағзаш сафед, ғафс (4—6 см),сершираву ширин (5,5—7,1% қанд, аз он ҷумла 2,6—4,9% сахароза, инчунин 7,2— 9,7% моддаҳои хушк дорад).
Вазни як донааш 2,5—4 кг. Даври нашваш (аз нешзани то пухтани ҳосил) 72—78 рӯз. Аз ҳар га 200—260 с ҳосил мегиранд.