Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

УБАЙДУЛЛОҲИ САМАРҚАНДӢ

УБАЙДУЛЛОҲИ САМАРҚАНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), олим ва фақеҳи тоҷик (асри 16). Дар Самарқанд таваллуд шудааст. Бино ба маълумоти «Музаккир-ул-аҳбоб» аксари илмҳои расмии замонашро аз бар кардааст. Аз ӯ «Сироҷ-ус-соликин ва латоиф-ул- орифин» ном асаре боқӣ мондааст, ки аз муқаддима, ҳашт боб ва хотима иборат мебошад. Китоб ба фаъолияти …

Муфассал »

УБАЙДИ ЗОКОНӢ

u-zokoni

УБАЙДИ ЗОКОНӢ Убайдуллоҳ мулаққаб ба Хоҷа Низомуддин (1270 ё 1280, деҳаи Зокони назикии Қазвин—1371, Шероз), шоир ва насрнависи форс-тоҷик. Давраи ҷавонӣ ва таҳсилоти ибтидоии худро дар Қазвин гузаронида, сипас барои идомаи таҳсил ба Бағдод рафт. Баъд ба зодгоҳаш омад, вале аз рӯи нодорӣ маҷбур шуд ба хиамати ҳукмрони Бағдод бозгардад. …

Муфассал »

УБАЙД РАҶАБ

u-rajab

УБАЙД РАҶАБ (таваллуд 15. 5. 1932, деҳаи Нишоти раёни Панҷакент), шоири советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1955. Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст (1954). Солҳои 1954—61 ходими адаби ва мудири шӯъбаи ғазетаи «Пионери Тоҷикистоя», ходими адабии журнали «Машъал», мудири шӯъбаи газетаи «Комсомоли Тоҷикистон», 1961—79 мудири шӯъба …

Муфассал »

УАТТ Ҷёймс

watt-j

УАТТ Ҷёймс (19. 1. 1736, Гринок, Шотландия —19. 8. 1819, Хитфидд, Англия), ихтироъкори алглис, мухтареи мошини буғии универсалӣ, аъзои Ҷамъияти шоҳии Лондон (1785). Солҳои 1774—84 мошини буғии диаметри силиндраш 16 см-ро сохт. Вай аввалин бор мафҳуми қувваи аспро дар техникаҷорӣ кард. Мошини буғии Уатт барои ба истеҳсолоти мошинӣ гузаштан нақши …

Муфассал »

Шаҳри УАГАДУГУ

uagadugu

УАГАДУГУ (Оuаgadougou), пойтахти давлати Буркина-Фасо. Маркази асосии сиёсӣ ва мадании мамлакат. Аҳолиаш 236 ҳазор нафар (1983). Дар Уагадугу корхонаҳои пахтатозакунӣ, шолитозакунӣ, фабрикаи пойафзол мавҷуданд. Уагадугу асри 15 бунёд шудааст.

Муфассал »