Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ТӮҲФАТ-УЛ-МАЪСУМИН»

«ТӮҲФАТ-УЛ-МАЪСУМИН» асари тиббиест, ки Солеҳ ибни Муҳамммадсолеҳи Қандаҳорӣ таълиф намудааст. Аз муқаддима ва ду боб иборат аст. Муқаддимаи асар дар маърифати обу ҳаво ва маскану истиқророти ҳайвоноти ваҳшӣ ва кулли ашёи муфрада, чидани он аз табиат ва тайёр кардани дору баҳс мекунад. Боби аввал масъалаи безурётӣ, тадбири ҳомилагӣ ва бемориҳои …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ»

«ТӮҲФАТ-УТ-ТАВОРИХИ ХОНӢ» Муаллиф мувофиқи анъанаи тазкиранависӣ аввал тахаллус, баъд сифатҳои шахсӣ, номи падар, ҷои талаллуд ва гоҳо авлоди шоиронро зикр карда, дар бораи давраи зиндагӣ, ҳунари шоирону олимон ва хусусияти эҷодиёти онҳо маълумот медиҳад. Дар «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» ҳамагӣ 3160 мисраъ шеър гирд оварда шудааст. «Тӯҳфат-ут-таворихи хонӣ» анъанаи тазкирапависиро аз пав …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УЛ-АҲБОБ ФӢ ТАЗКИРАТ-ИЛ-АСҲОБ»

«ТӮҲФАТ-УЛ-АҲБОБ ФӢ ТАЗКИРАТ-ИЛ-АСҲОБ» тазкираи Возеҳ. Шарҳи ҳоли 145 шоиру адибро дарбар мегирад. Мирзо Салимбеки Салимӣ дар чопи сангии он (1914) 87 шоири дигарро илова намуд. «Тӯҳфат-ул-албоб фӣ тазкират-ил-асҳоб» муқаддима, қисмати асосӣ ва хотима дорад. Ба «Тӯҳфат-ул-албоб фӣ тазкират-ил-асҳоб» асосан шоирону олимони Бухоро ва қисман Самарқанд, Ӯротеппа, Хуҷанд, Ҳисор, Қаротегин, Каттақӯрғон, …

Муфассал »

«ТӮҲФАИ ШОҲӢ»

«ТӮҲФАИ ШОҲӢ» асари муаррихи тоҷик Мирзомуҳаммад Абдулазими Сомӣ, ки солҳои 1899— 1901 ба тоҷикӣ таълиф шудааст; аз давраи Убайдуллоҳхон то аҳди амир Абдулаҳад (1885—1910)-ро дар бар мегирад. Нисфи «Тӯҳфаи шоҳӣ» дар асоси асарҳои таърихие навишта шудааст, ки муаллиф онҳоро дар муқаддима ном мебарад. Қисми дигарашро муаллиф ҳамчун шоҳиди воқеаҳо нақл …

Муфассал »

«ТӮҲФАТ-УЛ-АҲБОБ»

«ТӮҲФАТ-УЛ-АҲБОБ» фарҳанги тафсирии забони тоҷикист, ки Ҳофиз Султоналии Ӯбаҳӣ соли 1530 таълиф кардааст; бо номҳои «Тӯҳфаи хонӣ», «Китоби луғати фурс», «Ҳалли луғоти порсӣ», «Луғати Ҳофизи Ӯбаҳӣ» низ ёд мешавад. Муаллиф дар таълифи ин фарҳанг аз «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ ва «Меъёри Ҷамолӣ»-и Шамси Фахрӣ истифода бурдааст. Тартиби луғат аз рӯи …

Муфассал »