Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

УСМОНОВ Муҳаммаднурӣ

УСМОНОВ Муҳаммаднурӣ (таваллуд 6. 11. 1924, Махачқалъа, РАСС Доғистон), шарқшиноси советӣ, доктори илмҳои филология (1971). Аз оилаи хизматчӣ. Факултети филологии Университи давлатии Москваро хатм кардааст (1950). Ходими илмӣ (1954—72), аз соли 1972 мудири сектори Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР. Тадқиқоти илмии Усмонов масъалаҳои таърихи адабиёти асрҳои 10—12-и форс-тоҷик, эҷодиёти Рӯдакӣ. …

Муфассал »

УСМОН ИБНИ АФФОН

uthman

УСМОН ИБНИ АФФОН (соли таваллуд номаълум, Макка — вафот 656, Мадина), халифаи сеюм (644— 656) аз хулафои «рошидин» (чорёрон). Вай то мусулмон шуданаш бо тиҷорату судхӯрӣ машғул буд. Усмон ибни Аффон аз хазинаи хилофат на фақат барои худ мегирифт, балки аз он ба саҳобаҳо, хешу табори худу ашроф маблағҳои зиедеро …

Муфассал »

УСМОНОВ Зафар Ҷураевич

УСМОНОВ Зафар Ҷураевич (таваллуд 26. 8. 1937, шаҳри Сталинобод), математики советӣ, доктори илмҳои физика ва математика (1973). Академики Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1981; аъзо-коррспондент 1976). Аъзои КПСС аз соли 1975. Аз соли 1984 академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаю математика ва геологияю химияи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон. Корҳои илмии Усмонов асосан ба …

Муфассал »

УСЛУБШИНОСӢ

book-1

УСЛУБШИНОСӢ, як шохаи филология, ки системаи услубҳои (нигаред Услуб) забон ва қонунияти истифодаи воситаҳои баёнро меомӯзад. Услубшиносӣ бо грамматикаи нормативӣ, лексикология, фразеология, орфоэпия робитаи қавӣ дорад, вале аз ҷиҳати вазифа ва усули тадқиқ аз онҳо фарқ мекунад. Услубшиносӣ аҳамияти амалӣ дорад: вай маҳорати суханвариро омӯзонда, ба забон оқилона муносибат кардани …

Муфассал »

Усмон ибни Иброҳим

УСМОН Усмон ибни Иброҳим (соли таваллуд номаълум — вафот 1212, Самарқанд), султони Қарахониён. Усмон дар ибтидо ҳокими шаҳри Самарқанд буд. Баъди вафоти падар дар ҳудуди асрҳои 12—13 ба тахти давлати Қарахониён нишаста, унвони «Султони кабири султонон»-ро гирифт. Дар ин давра байни Қаракидониён ва Хоразмшоҳиён муборизаи сахт мерафт. Вале Усмон бо …

Муфассал »