Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УСМОНОВ Зафар Ҷураевич

УСМОНОВ Зафар Ҷураевич

УСМОНОВ Зафар Ҷураевич (таваллуд 26. 8. 1937, шаҳри Сталинобод), математики советӣ, доктори илмҳои физика ва математика (1973). Академики Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1981; аъзо-коррспондент 1976). Аъзои КПСС аз соли 1975. Аз соли 1984 академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаю математика ва геологияю химияи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон.
Корҳои илмии Усмонов асосан ба соҳаҳои муштараки назарияи сатҳҳо ва муодилаҳои эллипсӣ, назарияи функсияҳои таҳлилии умумишуда, назарияи деформацпяи сатҳҳо ва ғайра оиданд. Доир ба назорати ҳолати моддаҳои коллексионӣ, ба намуди формалӣ тасвир кардани касалиҳои ҷигар ва ғайра тадқиқот бурдааст. Муаллифи зиёда аз 50 асари илмист. Раиси Совети Ҷамъияти илмию техникии Тоҷикистон оид ба пешгӯии илмию техникӣ ва аъзои Комитети умумииттифоқии он, роҳбари гурӯҳи Комитети ресяубликавӣ оид ба таҳқиқ ва моделонии математикии программаи байналхалқии «Инсон ва биосфера», аъзои сексияи моделонии математикии просессҳои биогеосенологӣ ва муҳофизати табиати Академияи Фанҳои СССР ва дигар ҷамъияту ташкилотҳои илмӣ мебошад. Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагаи рузи таваллуди Владимир Илич Ленин» мукофотонида шудааст. М. Исмоилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …