Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Шаҳри УСТ-КАМЕНОГОРСК

ust-kamenogorsk

УСТ-КАМЕНОГОРСК, шаҳр (аз 1868), маркази вилояти Қазоқистони Шарқӣ. Дар соҳили рости дарёи Иртиш ва доманакӯҳи Олтои Маъдандор воқеъ аст. Стансияи  роҳи оҳан, бандари дарёӣ. Аҳолиаш 302 ҳазор нафар (1984). Дар Уст-Каменогорск корхонаҳои саноати металлургияи ранга, мошинсозию коркарди металл, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ мавҷуданд. ГЭС-и Усть-Каменогорск сохта шудааст. Филиали Академияи Фанҳои …

Муфассал »

УСТУХУДУС

ustuxudus

УСТУХУДУС, астухудус, гули нарма, арвона, лаванда  (Lavandula spicа), буттаи ҳамешасабзест аз оилаи лабгулҳо. Аз 20 то 100 ом қад мекашад, сершох, гулаш бунафш ё бунафшаи кабудтоб. Устухудуси худрӯй дар кишварҳои баҳри Миёназамин мерӯяд ва онро аввалин маротиба дар ҳамон ноҳияҳо (то мелод) чун растании доруию хушбӯй парвариш кардаанд. Абуҳанифи Диноварӣ, …

Муфассал »

УСТУХОНРАБО

УСТУХОНРАБО, устухонрубо, 1) номи дигари саг; 2) мурғи офсонавии Ҳумо, ки гӯё устухон мехӯрдааст.

Муфассал »

УСТУХОН

sklet

УСТУХОН, як навъ бофтаи пайвастии ҳайвоноти мӯҳрадор ва одам аз ҳуҷайраҳою моддаи байниҳуҷайравии сахта иборат аст, ки дорои намакҳои калсий ва сафеда (бештар коллаген) буда, устухонро мустаҳкаму чандир мекунанд. Якҷоя бо банду буғумҳо, бандакҳо ва мушакҳое, ки тавассути пай ба Устухон васл мешаванд, «дастгоҳ»-и такяю таҳрикро ба вуҷуд меорад. Қобилияти …

Муфассал »