Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ФИЛИПЧЕНКО Анатолий Василевич

filipchenko-av

ФИЛИПЧЕНКО Анатолий Василевич (таваллуд 26. 2. 1928, деҳаи Давидовкаи раёни Лисински вилояти Воронеж), лётчики кайҳоннаварди СССР, генерал – майори авиасия (1978), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1969, 1974). Аъзои КПСС аз соли 1952. С. 1961 Академияи ҳарбии ҳавоии ба номи Ю. А. Гагаринро хатм намуд. Аз соли 1963 дар Отряди …

Муфассал »

ФИЛЛИПИНИҲО

ФИЛЛИПИНИҲО, номи умумии халқҳои таҳҷоии Филиппин (висайя, илокҳо, тагалҳо, ифугао, ибанагҳо, биколҳо ва дигарон). Шумораашои 41,5 млн (1975). Аксар ба аабонҳои филиппинӣ гап мезананд. Диндорони Филипин асосан католиканд, қисман протестант ва мусулмонанд.

Муфассал »

ФИЛИППИН

filippin

ФИЛИППИН, Республикаи Филиппин (republica hg Pilipinas), давлатест дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ. Дар ҷазираҳои Филиппини уқёнуси Ором воқеъ гаштааст. Масоҳаташ қариб 300 ҳазор км2. Аҳолиаш 52 млн нафар (охири 1983), филиппиниҳо (бештар аз 80%), хитоиҳо ва дигар халқҳо. Забонҳои расмӣ — тагалӣ ва англисӣ; қариб 90% ахолӣ католикҳоянд; аҳолии шаҳрӣ—40%. Ба …

Муфассал »

ФИЛИППИ II

ФИЛИППИ II (тақрибан 382—336 то мелод), шоҳи Мақдуния (аз 359). Падари Искандари Мақдунӣ. Ба давлати ягона муттаҳид намудани Мақдунияро ба охир расонд (359). Солҳои 359—336 Фессалия, як қисми Иллирия, Эпир, Фракия ва ғайраро забт кард. То 338 (пас аз муҳорибаи назди Херонея) Юнонро тобеи Мақдуния гардонид.

Муфассал »

ФИЛИАЛИ ТОҶИКИСТОНИИ Академияи Фанҳои СССР

ФИЛИАЛИ ТОҶИКИСТОНИИ Академияи Фанҳои СССР, муассисаи олии илмии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. Соли 1941 Базаи тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР (таъсисаш 1932) ба Филиали Тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР табдил ёфт (роҳбараш академик Б. П. Павловский). Ба он институтҳои тадқиқоти илмии геология, ботаника, зоология ва паразитология, таърих, забон ва адабиёт, инчунин расадхонаи …

Муфассал »