Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХИТОЙ

xitoy

ХИТОЙ, Чин, Республикаи Халқии Хитой, Ресспубликаи Халқии Хитой, давлатест дар Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ. Аз шарқ бо баҳрҳои Зард, Шарқи Хитой ва Ҷануби Хитой иҳота шудааст. Қад-қади соҳил ҷазираҳои сершумор (калонтаринашон ҷазираҳои Тайван ва Хайнан) мавҷуданд. Масоҳаташ 9,6           млн км2. Аз ҷиҳати миқдори аҳолӣ калонтарин мамлакати ҷаҳон мебошад—1046,39 млн нафар. …

Муфассал »

ХИТОИҲО

xitoiho

ХИТОИҲО (худ хан гӯянд), миллат, аҳолии асосии Ресспубликаи Халқии Хитой. Шумораашон тақрибан 815,9 млн нафар (1978) буда, аэ онҳо 730 млн нафар (95% аҳолии мамлакат) дар Ресспубликаи Халқии Хитой зиндагӣ мекунанд. Берун аз ҳудуди Ресспубликаи Халқии Хитой калонтарин гурӯҳҳои Xитоиҳо дар Тайланд, Малайзия, Индонезия, Сингапур, Ветнам, Бирма, Филиппии ва Кампучия …

Муфассал »

ХИТОБА

ХИТОБА, хитобат, хатобат (арабӣ-гуфтор, сухангӯӣ), порчаи асари мансур, манзум ва ё суханеро гӯянд, ки ба мухотиб гуфта мешавад. Дар илми маонӣ ва баён хитоба ҳунари сухансароию суханварн буда, ҷузъи санъати воизӣ ҳисоб мешуд. Воизон, ки маҳорати сухангӯию суханрониҳои шево доштанд, аз хитоба хеле моҳирона истифода мебурданд. Дар Ғарб хитобаро декламасия …

Муфассал »

ХИСРАВИИ САРАХСӢ Абубакр Муҳаммад ибни Алӣ

ХИСРАВИИ САРАХСӢ Абубакр Муҳаммад ибни Алӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), Шоири форс-тоҷик (асри 10). Ба қавли Авфӣ ашъораш бештар ба панду ҳикмат оиданд. Ашъори мадҳӣ низ доштааст. Аа ашъори Xисравии Сарахсӣ абётн парокандае дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ ба назар мерасад, ки дар китоби «Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» гирд оварда шудаанд. …

Муфассал »

ХИРС

xirs

ХИРС (Ursidae), як навъ ҳайвони даррандаро гӯянд. Бино ба таснифоти зоологӣ хирс як оилаи ширхӯрҳост. Дарозиаш 1,5—3 м, вазнаш аз 60 то 700 кг. 7 намуди хирс  (айнакдор, лабдароз, малайӣ, ҳимолой, малла, сафед ва барибал) маълум аст. Аксари онҳо дар ноҳияҳои нимкураи шимолӣ маскун шудаанд, фақат хирси айнакдор дар Америкаи …

Муфассал »