Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХИТОИҲО

ХИТОИҲО

ХИТОИҲО (худ хан гӯянд), миллат, аҳолии асосии Ресспубликаи Халқии Хитой. Шумораашон тақрибан 815,9 млн нафар (1978) буда, аэ онҳо 730 млн нафар (95% аҳолии мамлакат) дар Ресспубликаи Халқии Хитой зиндагӣ мекунанд. Берун аз ҳудуди Ресспубликаи Халқии Хитой калонтарин гурӯҳҳои Xитоиҳо дар Тайланд, Малайзия, Индонезия, Сингапур, Ветнам, Бирма, Филиппии ва Кампучия сокинанд. Ба забони хитоӣ гап мезананд.

xitoiho

Диндорон пайрави даосизм, конфусиячигӣ, буддоияанд. Дар байни хитоиҳо қисман ислом ва масеҳият интишор ёфтаанд.

Бештар аз 80% хитоиҳои мамлакат бо кори хоҷагии қишлоқ машғуланд. Намудҳои гуногуни ҳунармандӣ, аз ҷумла бофандагӣ, кулолӣ, дуредгарӣ ва ҳунарҳои нафис, ҳаккокӣ, гаҷкори, кашидадӯзӣ ва ғайра ривоҷ ёфтаанд. Нигаред низ Хитой.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …