Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Намреза

2

Намреза боришотест иборат аз қатраҳои ниҳоят хурди диаметрашон камтар аз 0,5 мм. Намреза одатан аз абрҳои қабат-қабати зич меборад. Суръати афтиши қатраҳо чунон хурд аст, ки ба назар дар ҳаво муаллақ, менамоянд. Интенсивияти бориши Намреза на он қадар калон буда, тақрибан ба 0,05—0,25 мм баробар аст.

Муфассал »

Намошомгул

2

Намошомкушо, гули намозишом, гули шабчароғ, мирабилис (Mirabilis jalapa), гулест аз оилан Nyctaginaceae. Растании бисёрсола, ва­ле дар шароити киштукор яксола аст. Баландиаш аз 50 см то 1 м, ре­шааш лӯнда-лӯндаи ғафс. Пояаш рост, сершохча, баргаш думчадори дилшакл. Гули қифшакли сурх, гулобӣ, норанҷӣ, сафед, зард дорад, фақат шабона (номаш ҳам аз ҳамин …

Муфассал »

Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки РСС Тоҷикистон

2

Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки РСС Тоҷикистон, НКХХ РСС Тоҷикистон, намоишгоҳи доимии комёбиҳои хоҷагии халқ, ки 6 декабри 1967 дар шаҳри Ду­шанбе таъсис ёфтааст. Аввалин намоиши он ба 50-солагии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр бахшида шуда буд. Ба кори намоишгоҳ Комитети намоишгоҳ, ки сардори он ҷонишини район Совети Вазирони РСС Тоҷикистон мебошад, …

Муфассал »

Намоиш

2

Намоиш қисми мукаммали акт (парда) дар песа ва тамошоҳои саҳнавист. Дар драма, опера ва балет Намоишҳо аз ҳамдигар бо танаффусҳои кӯтоҳмуддат ҷудо мешаванд.

Муфассал »

Осори Намозгоҳтеппа

2

Намозгоҳтеппа осори бошишгоҳи давраи энеолит ва биринҷӣ дар Туркманистон, 7 км ғарбтар аз стансияи роҳи оҳан Қааҳқа. Вусъаташ тақрибан 70 га, ғафсии қабатҳои археологӣ то 34 м. Археологи советӣ Б. А. Куфтин ҳан- гоми ҳафриёт (1952) тартиби ҷои қабатҳои археологии Намозгоҳтеппаро муайян намуд, ки он дар тадқиқи дигар ёдгориҳои Осиёи …

Муфассал »