Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки РСС Тоҷикистон

Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки РСС Тоҷикистон

Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халки РСС Тоҷикистон, НКХХ РСС Тоҷикистон, намоишгоҳи доимии комёбиҳои хоҷагии халқ, ки 6 декабри 1967 дар шаҳри Ду­шанбе таъсис ёфтааст. Аввалин намоиши он ба 50-солагии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр бахшида шуда буд. Ба кори намоишгоҳ Комитети намоишгоҳ, ки сардори он ҷонишини район Совети Вазирони РСС Тоҷикистон мебошад, роҳбарӣ мекунад. Вазифаи асосии Намоишгоҳ ба таври васеъ намоиш додану фаъолона пропаганда кардани комёби­ҳои иқтисодиёт, илму маданият ва таҷрибаи пешқдам аст. Дар намоишгоҳ корхонаҳои пешқдами саноат, сохтмон, колхозу совхозҳо, муассисаҳои маданӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва ғайра, ки натиҷаҳои беҳтарин ба дастовардаавд, инчунин коркунони алоҳидаи саноат, хоҷагии қишлоқ ва ғайра иштирок менамоянд. Экспонатҳои беҳтарин бо дипломҳо мукофотонида мешаванд. Ҳудуди Намоишгоҳ 98 га буда, дар қисми шимолу ғарби Душанбе ҷой гирифта аст.

Объекти асосии амалкунандаи Намоишгоҳ (1 январи 1979) инҳоанд: павилён и асосӣ (майдони намоишгоҳаш 3600 м2), ки толори умумӣ ва шӯъ- баҳои соҳавиро дар бар мегирад; павилёни намойши тем тикӣ (700 м2), ки дар он намоиш­ҳои тематики ташкил мекунанд ва намоиши мамлакатҳои хориҷиро мегузаронанд; кинолектория, ки 500 ҷой дорад ва барои гузаронидани семинарҳо, конференсияҳои илмӣ, машваратҳо ва мубодилаи таҷриба, инчунин барои нишон додани илмҳои илмиву оммавӣ ва ҳуҷҷатӣ истифода мешавад.

Соли 1977 дар назди Намоишгоҳ «Лавҳаи фахрӣ»-и республикавӣ кушода шуд. Ҳар сол дар он ғолибони мусобиқаи сотсиалистии республикавиро қайд мекунанд. Соли 1982 (аз рӯи ҷамъбасти корҳои 1981) ба «Лавҳаи фахрӣ» 53 коллективу 89 нафар пешқадамони истеҳсолот ҷой ва комёбиҳои онҳо васеъ намоиш дода шуд. Комитети Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи РСС Тоҷикистон  Н. соле 80 коллектив ва 352 нафар пешқадамони истеҳсолотро бо дип­ломҳо сарфароз мегардонад. Ҳар сол Намоишгоҳро ба ҳисоби миёна зиёда аз 220 ҳазор нафар одамон тамошо мекунанд; қариб 5 ҳазор нафар меҳмонони хориҷӣ бо комёбиҳои хоҷагии халқи респуб­лика шинос мешаванд.

Намоишгоҳ бо Намоишгоҳи комёбиҳои хо­ҷагии халқи ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ва дигар республи- каҳои бародарӣ оид ба мубодилаи таҷриба ва ташкили намоиши сайёр доир ба проблемаҳои муҳими хоҷа­гии халқ алоқаи зич дорад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …