Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Нафс

1

Нафс (ар. —ҷон), дар таърихи илм ва фалсафа мафҳумест ба­рои ифодаи ҳаёт ва фаъолияти психикии инсон ва ҳайвону наботот; дар дин, фалсафа ва психологияи идеалистӣ мабдаи ҳаётбахш ва олати маърифат дониста мешавад, ки гӯё новобаста ба тан ва пеш аз он вуҷуд доштааст ва бо хости худо бо ҷисм пайваста …

Муфассал »

Нафотот

1

Нафотот (ар. — обилавор шудан), ҷӯшишест дар дарун ва беруни пӯст монанди обилае, ки ҳангоми сӯхтан аз оташ ва оби ҷӯш ҳодис мегардад. Дар он бештар об ва гоҳо хуни суюқ ҳам ҷамъ ме­шавад.

Муфассал »

Нафосат

0

Нафосат (ар.  — нафисӣ, нозукӣ), як навъи зебоист; 1) дар табиат асосан дар зоҳири ашьёю ҳодисаҳо падид омада, аз мукаммаливу мутаносибӣ ва шинамиву хушҳа- ракатии онҳо дарак медиҳад. Нафосати асарҳои санъат ва ё маҳсули меҳнати инсонро бо ибораи «назокати яд­ро» ифода мекунанд. Шакли лола, гули хайрӣ, маҷнунбеди лаби об, сарв …

Муфассал »

«Нафоис-ул-фунун фӣ ароис-ил-уюн»

«Нафоис-ул-фунун фӣ ароис-ил-уюн»  (пирояи фанҳо дар арӯсҳои ҳақиқат), асари энциклопедии Шамсуддин Муҳаммад Маҳмуди Омулист, ки соли 1335 таълиф ёфтааст. Он ба забо­ин форсӣ-тоҷикӣ навишта шуда, дар  бораи 160 соҳаи илми асримиёнагӣ маълумот медиҳад. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки тамоми илму фанну саноеъи пешина ва замони худро тафсир намояд ва моҳияти ҳар илм …

Муфассал »

Нафисӣ Саид

0

Нафисӣ Саид (18.6.1896, Теҳрон – 14.11.1966, ҳамон ҷо), олим, нависанда ва ҳодими ҷамъиятии Эрон, Писари Алиакбари Нафисӣ, Нафисӣ таҳлили ибтидоиро дар мактабҳои “Шараф” ва “Илмия”-и Теҳрон, миёнаро дар Швейсария ва олиро дар Университети Сорбоннаи Франсия ба анҷом расондааст. Солҳои 1918-34 дар вазоратҳои гуногуни Эрон кор карда, баробари ин дар омӯзишгоҳҳои …

Муфассал »