Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Овул

0

Овул, авул (туркӣ), 1) номи ҷои истиқомати баъзе халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон (туркманҳо, қароқалпоқҳо, қирғизҳо, қазоқҳо), инчунин як қатор халқҳои Кав­кази Шимолист. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии  Ок­тябр қазоқ, қирғиз, қароқалпоқҳои кӯчманчӣ ва нимкӯчманчӣ, ӯзбекҳои чорводор гурӯҳ-гурӯҳ (5-—10 оила ва аз ин зиёд) ҷои истиқомате интихоб менамуданд ва онро Овул …

Муфассал »

Овринг

01

Овринг, роҳи тангест дар кӯҳсор. Маъмулан дар камари кӯҳҳое, ки нишебии он рост аст, сохта ме­шуд. Барои сохтани Овринг бағали кӯҳро канда, ба тарқиши шах мехҳои мустаҳкам мекӯбанд ва аз болояш шохи буттаву дарахт мепӯшанд. Дар ҷойҳои душворгузари он пулҳои овезон месозанд. Дар ҷойҳои росту ҳамвори бағали кӯҳ зинапояҳои баланди …

Муфассал »

Оворагардӣ ва гадоӣ

0

Оворагардӣ ва гадоӣ, дар давлатқои истисморгар зуҳуроти иҳтимоиест, ки дар натиҷаи таъмин набудани меҳнаткашон аз воситаҳои зиндагӣ ба вудуд меояд. Ин ҳол дар оворагардӣ аз як ҷой ба ҷои дигар, зиндагии бе хонумон ва аз ҳисоби дигарон зиндагӣ кардан ифода ме­гардад. Дар ҷамъияти истисморӣ давлат ба шахсони маҷбуран ба ово­рагардӣ …

Муфассал »

Овозҳои нутқ

0

Овозҳои нутқ, овозҳое, ки бо мақсади мубодилаи афкор тавассути дастгоҳи гуфтор (узвҳои нутқ) сохта ва талаффуз мешаванд. Овозҳои нутқ дар асоси «фармоне», ки аз нимкураи чапи майнаи cap мерасад ба вуҷуд меоянд. Таҳдиду таҳлили Овозҳои нутқ дар се замина — тавлидӣ, физикӣ ва иҷтимоӣ (лингвистӣ) сурат мегирад. Дар заминаи тавлиди …

Муфассал »

Газета «Овози Шарқ»

0

«Овози Шарқ»,  газета, органи Бюрои партиявӣ ва революсионии РАСС Тоҷикистон. Аз 12 августи 1924 ҳафтае як маротиба ба забони тоҷикӣ дар Душанбе нашр мешуд. Баъди якчанд шумора соли 1924 чопаш қатъ гардид.

Муфассал »