Маълумоти охирин

Овринг

Овринг, роҳи тангест дар кӯҳсор. Маъмулан дар камари кӯҳҳое, ки нишебии он рост аст, сохта ме­шуд. Барои сохтани Овринг бағали кӯҳро канда, ба тарқиши шах мехҳои мустаҳкам мекӯбанд ва аз болояш шохи буттаву дарахт мепӯшанд. Дар ҷойҳои душворгузари он пулҳои овезон месозанд.

Дар ҷойҳои росту ҳамвори бағали кӯҳ зинапояҳои баланди овезон мегузоранд. Баъзан ба сари шах мехҳои калон  мекӯбанд ва навдаҳои мустаҳками қаиш ҳалқаҳо бофта, ба онҳо меовезанд. Сипас ба ҳалқаҳо ғулачӯбҳо мехобонанд. Одамон аз болои ҳамин ғӯла- чӯбҳо мегузаранд. Овринг асосан барои пиёда гузаштани одамон пешбинӣ шудааст.

Дар баъзе ҷойҳо аз Овринг аспу хар низ мегузарад. Сангҳои га­лоп, тарма ва ғайра Овирингро аз кор мебарорад. Овирингро дар Рӯшон марза, парин ё паринд ва дар Яғноб рафақ меноманд. Ҳоло дар натиҷаи сохтмони роҳҳои калони кӯҳӣ Овиринг аҳамияти худро гум кардааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …