Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОҚИРИ ҲИРАВӢ

images

БОҚИРИ ҲИРАВӢ донишманд ва хушнависи асри 16-и тоҷик. Фарзанди хаттоти маъруф Миралии Ҳиравӣ. Санъати нозуки хаттотию хушнависиро аз пада­раш омӯхтааст. Боқири Ҳиравӣ ба ғайри хунарманди хушнавис будан илмҳои мутадовилаи замонаш — хусусан калом ва ҳикматро хеле батакмил аз худ намудааст. Ӯ аввал дар дарбори ҳокимони Ҳиндустон хидмат карда, баъдҳо дар …

Муфассал »

БОҚИРИ ХУРДАИИ КОШОНӢ

images

БОҚИРИ ХУРДАИИ КОШОНӢ Мавлоно Муҳаммадбоқири Хурдафурӯш, мутахаллис ба Боқир (фавт 1629, Бурҳонпури Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Сабаби бо номи Хурдаӣ машҳур будани ин шахсро муаллифи «Тазкираи Майхона» Абдуннабии Фахруззамонӣ дар он донистааст, ки ӯ ба хурдафурӯшӣ (резаворфурӯшӣ) машғул будааст. Сайд Нафисӣ зодгоҳашро деҳаи Хурда гуфтааст. Дар шеър шогирду пайрави Муҳташами …

Муфассал »

БОҚИРИ ТАБРЕЗӢ

images

БОҚИРИ ТАБРЕЗӢ Мирзобоқири Табрезӣ муллақаб ба Фахрулкуттоб, хушнависи табрезӣ. Замоне дар хидмати Лутфалихони Данбалӣ Носируссултон ва муддате дар дастгоҳи Имомқулӣ Мирзо – писари шоҳзода Маликқосим Мирзои Қоҷор ба касби котибӣ машғул буд. Боқири Табрезӣ шикастаи настаълиқ ва настаълиқро хуб мена вишт ва хунари каламдонсозиро медонист. Китобати «Калила ва Димна»-и Баҳромшоҳӣ, …

Муфассал »

БОҚИРИ КОШӢ

images

БОҚИРИ КОШӢ (фавт 1588), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар шеъру шоирӣ шогирди Муҳташами Кошонӣ буд. Ба тасаввуф маӣл дошт. Муриди шайх Маҳмуд ном шахсе буд, ки барои ақоиди рошидиаш ба фармони шоҳи сафавӣ Аббоси 1 (ҳукмронӣ 1587-1629) ба қатл расида буд. Боқири Кошӣ чун пайрави шайх Маҳмуд ба таъқибот дучор шуд …

Муфассал »

БОҚИРИ ДАМОВАНДӢ

images

БОҚИРИ ДАМОВАНДӢ шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 17). Мувофиқи маълумоти тазкираи Абдулбоқии Наҳовандӣ «Маосири Раҳимӣ» Боқири Дамовандӣ дар зодгоҳаш – Дамованди Эрон таҳсили улум намуда ба ка­мол расидааст. Муддате дар Ироқ буд. Аз он ҷо ба Ҳиндустон омад ва ба хидмати дарбори Абдурраҳими Хонихонон дохил гардид. Аз осораш намунаҳо ба тавассути …

Муфассал »