Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / БОҚИРИ ТАБРЕЗӢ

БОҚИРИ ТАБРЕЗӢ

imagesБОҚИРИ ТАБРЕЗӢ Мирзобоқири Табрезӣ муллақаб ба Фахрулкуттоб, хушнависи табрезӣ. Замоне дар хидмати Лутфалихони Данбалӣ Носируссултон ва муддате дар дастгоҳи Имомқулӣ Мирзо – писари шоҳзода Маликқосим Мирзои Қоҷор ба касби котибӣ машғул буд. Боқири Табрезӣ шикастаи настаълиқ ва настаълиқро хуб мена вишт ва хунари каламдонсозиро медонист. Китобати «Калила ва Димна»-и Баҳромшоҳӣ, «Ҳуҷҷату-с-саодат»-и Муҳаммад Ҳасанхон Эьтимодуссалтана ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозиро ба ӯ нисбат медиҳанд.

Н. Шарипов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …