Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОҲТУРОБОД

bohturobod

БОҲТУРОБОД, деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Сарбанд. Аз Боҳтуробод то маркази шаҳр 7 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3214 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, чойхона ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ ва чорво­дорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд

Муфассал »

БОҲТУРОБОД

deha

БОҲТУРОБОД, деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Сарбанд. Аз Боҳтуробод то маркази шаҳр 5 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3363 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхона, марказӣ саломатӣ, китобхона, 2 марказӣ савдои хусусӣ (бозор) ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ до­рад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ. Замин­ҳо аз дарёи Вахш обёрӣ …

Муфассал »

БОҲТУР ДАВЛАТОВ

deha

БОҲТУР ДАВЛАТОВ (собиқ Фрунзе), деҳа дар ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор. Аз деҳа то маркази ноҳия 16 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1056 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 дорухона, бунгоҳи тиббӣ, 16 нуқтаи савдои хусусӣ, кооперативи истеҳсолии «Фаровон», фурӯшгоҳи яквақта дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо …

Муфассал »

БОҲТУР

European legless lizard (Ophisaurus apodus) female with eggs, Eastern Rodopi Mt, Bulgaria

БОҲТУР (Ophisaurus apodus), баҳтур, калтакалоси бепойи мормонанд. Дарозиаш то 1,5 метр; рангаш сиёҳи сурхтоб, холҳои зарди сабзгун ё сурхча дорад. Дар Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Қрим, Қафқоз ва Осиёи Мар­казӣ, аз ҷумла Тоҷикис­тон паҳн шудааст. Онро қариб дар ҳамаи ноҳияҳои кишварамон метавон дучор омад. Боҳтур дар ҳамвории доманакӯҳҳо, …

Муфассал »

БОҲИРОВ Шокир

images

БОҲИРОВ Шокир (1914, деҳаи Кӯиқозиёни ноҳияи Конибодом 4.10.1987, ҳамон ҷо), агроном, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966). Хатмкардаи техникуми кишоварзии Хуҷанд (1935). Сол­ҳои 1935-37 агрономи МТС-и ноҳияи Курғонтеппа, 193740 ҷонишини директор ва муаллими мактаби такмили ихтисоси роҳбарони колхозҳо, 1940-53 сарагроном ва директори МТС-и Қарақчиқум, 1953-55 раиси комиҷроия, 1955-69 раиси колхози «Ленин­град», 1969-75 …

Муфассал »