Маълумоти охирин

БОҲТУР

БОҲТУР (Ophisaurus apodus), баҳтур, калтакалоси бепойи мормонанд. Дарозиаш то 1,5 метр; рангаш сиёҳи сурхтоб, холҳои зарди сабзгун ё сурхча дорад. Дар Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Қрим, Қафқоз ва Осиёи Мар­казӣ, аз ҷумла Тоҷикис­тон паҳн шудааст. Онро қариб дар ҳамаи ноҳияҳои кишварамон метавон дучор омад. Боҳтур дар ҳамвории доманакӯҳҳо, мавзеъҳои сералафу буттазор, соҳили дарё, ангурзор, пахтазор, боғу саҳро вомехӯрад. Дар об хуб шино карда метавонад. Боҳтурҳо баҳорон баъди хоби зимистонӣ бештар дар офтобрӯяҳо қарор гирифта тани худро гарм мекунанд. Дар лонаи хояндаҳо, байни гиёҳу бутта ва ре­шаи дарахтон панаҳ мебарад. Боҳтур тобистон субҳдам ва шомгоҳ фаъол мешавад. Моҳҳои июн-июл 8-10 тухм мегузорад. Охири август боҳтурчаҳо аз тухм мебароянд. Дарозии боҳтурчаҳо қариб 10 сантиметр буда, ранги зарди хокистарӣ ва 16-22 рахи барқад доранд. Ғизои Боҳтур асосан муш, туқумшуллук, мор ва ҳашароти зараррасони кишоварзӣ аст. Баҳорон, баъди борон, лесакҳоро хӯрда, ба кишоварзӣ манфиат меорад. Боҳтур дар шароити сунъӣ нағз зиндагӣ карда, ба одам ром мешавад.

Адабиёт: Чернов С. А. Фауна Таджикской ССР. Т. 18. Пресмыкающиеся, Душанбе, 1959; Жизнь животных. Т. 5. Земноводные и пресмыкающиеся. Москва 1985: Ананьева И. Б. (ва дигарон). Атлас пресмыкающихся Северной Евразии. Москва 2004.

Т. Наҷмиддинов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …