Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУЛАТҲО

mulat

МУЛАТҲО (аз арабӣ— ғайриасил, дунажода), наслҳое, ки аз никоҳи байни зангиҳо ва европоиён ба дунё омаданд. Мулатҳо қисми зиёди аҳолии бисёр давлатҳои Америкаи Лотинӣ ва як қатор мамлакатҳои Африкаро (хусусан Республикаи Африкаи Ҷанубӣ) ташкил медиҳанд.

Муфассал »

МУЛАММАЪ

melammah

МУЛАММАЪ (арабӣ— нурпош, ҷилодор, рангоранг), шеърест, ки ба ду забон навишта мешавад. Муламмаъ асо­сан дар адабиёти классикӣ ва бештар дар жанри ғазал дучор меояд. Шоирон як мисраъ ё байтеро ба тоҷикй ва мисраъ ё байти дигарро ба арабӣ мегуфтанд. Бояд байт, мис­раъ ва абёти тоҷикию арабӣ аз ҷиҳати шаклу мазмун …

Муфассал »

МУКОФОТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЛЕНИНӢ «БАРОИ МУСТАҲ- КАМ НАМУДАНИ СУЛҲИ БАЙНИ ХАЛҚҲО»

leninpeace

МУКОФОТҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЛЕНИНӢ «БАРОИ МУСТАҲ- КАМ НАМУДАНИ СУЛҲИ БАЙНИ ХАЛҚҲО», мукофотҳои фахрӣ, ки ба гражданиҳои ҳар як мамлакат, қатъи назар аз ақидаи сиёсӣ, мансубияти партиявӣ, эътиқоди динӣ ва ирқу нажоди онҳо, барои хизмати бузург дар мубориза барои мустаҳкам кардана сулҳи байни халқҳо дода мешаванд. 20 декабри 1949 бо Укази Президиуми …

Муфассал »

МУКОФОТИ НОБЕЛӢ

nobel-prize

МУКОФОТИ НОБЕЛӢ, мукофоти ҳарсолаи байналхалқӣ, ки номи му- ассиси он инженери химик, ихтироъкор ва саноатманди швед Альф­ред Бернхард Нобелро гирифтааст. Мувофиқи васияти Нобел маблағеро, ки баъди вафоти ӯ боқӣ монд ва аввалҳо 31 миллион крони шведиро ташкил медод, ба фонди Нобел гузарониданд; маблағи мазкур дар аксия, облигасия ва заём гузошта …

Муфассал »

МУКОФОТИ ЛЕНИНӢ

lenin_prize_medal

МУКОФОТИ ЛЕНИНӢ, дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР яке аз шаклҳои олитарини ҳавасмандгардонии гражданинҳо барои комёбиҳои барҷастаи эҷодӣ дар соҳаи илм, техника, адабиёт, санъат ва меъморӣ. Мукофоти ба номи Владимир Илич Ленин аввалин бор соли 1925 таъсис шуда буд, солҳои 1935—57 до­да нашудааст. Соли 1957 мукофотонидани Мукофоти ленинӣ барои асарҳои …

Муфассал »