Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУКОФОТИ ЛЕНИНӢ

МУКОФОТИ ЛЕНИНӢ

lenin_prize_medalМУКОФОТИ ЛЕНИНӢ, дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР яке аз шаклҳои олитарини ҳавасмандгардонии гражданинҳо барои комёбиҳои барҷастаи эҷодӣ дар соҳаи илм, техника, адабиёт, санъат ва меъморӣ. Мукофоти ба номи Владимир Илич Ленин аввалин бор соли 1925 таъсис шуда буд, солҳои 1935—57 до­да нашудааст. Соли 1957 мукофотонидани Мукофоти ленинӣ барои асарҳои барҷастаи илмӣ, меъморӣ ва иншооти техни­кӣ, навоварӣ, барои дар хоҷагии халқ ҷорӣ намудани просессҳои технологӣ ва гайра аз нав барқарор гар­дид. Барои асарҳои барҷастаи ада­биёт ва санъат низ Мукофоти ленинӣ таъсис шу­да буд. Мувофиқи қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ва Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР аз 9 сентябр 1966 (Маҷмӯи қаpopҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, 1966, № 21, мод. 188) дар ду сол 1 маро­тиба 30 Мукофоти ленинӣ (аз ҷумла 25 мукофот оид ба илму техника, 5 мукофот оид ба адабиёт, санъат ва меъморӣ) до­да мешавад. Соли 1970 барои асарҳои адабиёт ва санъат бачагона муко­фоти иловагӣ таъсис шуд (қарори Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС ва Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР аз 26 март 1969, Маҷмӯи қарорҳо, 1969, № 8, моддаи 48). Маблағи ҳар як Мукофоти ленинӣ 10.000 сӯм аст.

Низомномаи ҳозира оид ба Мукофоти ленинӣ аз тарафи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КМ КПСС ва Совети Ва­зирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР 17 феврали 1967 тасдиқ шудааст (Маҷмӯи қарорҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, 1967, № 6, моддаи 29). Дар Низомнома як қатор ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва илмие, ки барои ба Мукофоти ленинӣ пешниҳод кардани корҳо ҳуқуқ доранд, муайян шудааст: Президиуми Академия Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, Академияи Фанҳои республикаҳои иттифоқӣ, АИТ Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, Академияи умумииттифоқии хоҷагии қишлоқ ба номи Владимир Илич Ленин, АИЛ Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, ҷамъиятҳои илмӣ ва инженерию техникӣ, коллегияҳои вазоратҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва республикаҳои иттифоқӣ, комитетҳои давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ва республикаҳои иттифоқи, комитетҳои назди Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, Президиуми ВЦСПС, Комитети Марказии ВЛКСМ, правленияҳои ПН, ИР, ИБ, ИМ, ИК, ИЖ-и Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, Ҷамъияти театрии республикавӣ, ташкилотҳои тадқиқоти илмӣ, конструкторию лоиҳакашӣ, нашриёт, ҳайати таҳририяи газетаву журналҳо, маҷлисҳои коллективҳои корхона, муассиса ва ташкилот. Ба гирифтани Мукофоти ленинӣ асар­ҳои илмӣ, бадеӣ, санъат ва меъморӣ (иншоотҳо)-е пешниҳод мешаванд, ки 1 сол пештар аз пешбарӣ шудани номзадҳо офарида шудаанд. Асарҳои соҳаи техникаю истеҳсолот танҳо баъди ҷорӣ шудан дар хоҷагии қишлоқ пешниҳод мешаванд.

Асарҳое, ки сазовори Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР гаштаанд ба Мукофоти ленинӣ пешниҳод намешаванд. Як асарро ҳам ба Мукофоти ленинӣ ва ҳам ба Мукофоти давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР пешниҳод кардан мумкин нест.

Комитети Мукофотҳои ленинӣ ва давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР дар назди Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР муҳокимаи корҳои

ба Мукофоти ленинӣ пешниҳодшударо ташкил ва оид ба додани мукофот қарор қабул мекунад. Қарори Комитети Марказии Пратияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ  КПСС ва Совети Вазирони Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР оид ба дода­ни Мукофоти ленинӣ ба муносибати рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин дар матбуот нашр мегардад. Ба шахсоне, ки сазовори Мукофоти ленинӣ шудаанд, унвони «лауреата Мукофоти ленинӣ», диплом, нишони фахрӣ ва шаҳодатнома дода мешавад. Мукофоти ленинӣ такроран дода намешавад. Шоири тоҷик Мирзо Турсунзода соли I960 барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё», А. Қосимов барои хизматҳои мехнатиаш дар соҳаи аз худ намудани заминҳои бекорхобидаи Мирзочӯл (1972) лауреати Мукофоти ленинӣ гардиданд,

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …