Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУТАДОРИК

sher

МУТАДОРИК (арабӣ-дарёфтан, дарак додан, пайвастан), номи яке аз бахрҳои аслии (солими) арӯз. Ин баҳрро барои он Мутадорик меноманд, ки рукнҳои ватад ва сабаби онро баъдтар ёфта, ба аркони дигар ҳамроҳ намуданд. Мутадорикро Абулҳасан Ахфаши Балхӣ (вафот 830/33) ихтироъ намуд. Мутадорик дар байни арӯзиёя бо номҳои ракзулхайр (суръатнок) ва савтунноқус (садои …

Муфассал »

МУТАГЕНЕЗ

mutagenez

МУТАГЕНЕЗ (аз лотинӣ mutatio — тағйирёбй ва …генез), просесси тағ-йирёбии ирсӣ — мутасияро гӯянд, ни аз таъсири шароитҳои табиӣ (худ аз худ) ё омилҳои гуногуни физикӣ ё химиявӣ мутагенҳо ба вуҷуд меояд. Асоси Мутагенезро тағйирёбии молекулаҳои кислотаҳои нуклеат, ки нигаҳдор ва ноқили ахбори ирсӣ мебошанд, ташкил медиҳанд. Ин тағйирёбӣ чун …

Муфассал »

МУТАВОТИР

tor

МУТАВОТИР (арабӣ— паи ҳам оянда; тордор, симдор), ифодаи созҳои мусиқии торӣ (ё худ зеҳӣ) дар рисолаҳои қадимии мусиқӣ. Аз рӯи таснифоти Ибни Сино ба созҳои Мутавотир барбат, танбӯр, шоҳруд, зуланқо ва ғайра дохил мегарданд. А. Низомов.

Муфассал »

МУТАВАЛЛӢ

mutavalli

МУТАВАЛЛӢ (арабӣ— сардор, тасарруф ва тақсимкунандаи вақф), васии мулк, даромад ва тақсимкунандаи вақф. Ба иҷора мондани заминҳои вақф, иҷрои корҳои хоҷагии он низ ба зиммаи Мутаваллӣ буд. Дар Мовароуннаҳр Мутаваллиҳо ба хоҷагиҳои калони феодалӣ ҳукмравоӣ менамуданд.

Муфассал »

МУСҲАФӢ Ғуломи Ҳамадонӣ

person

МУСҲАФӢ Ғуломи Ҳамадонӣ (тақрибан 1750, шаҳри Амроҳа —1824), шоири ҳинду. Ба забонҳои урду ва форсӣ менавишт. Ба ӯ 8 девони ашъорро нисбат додаанд. Ғазал, қасида ва маснавиҳояш дар мавзӯъҳои анъанавӣ эҷод шудаанд. Мусҳафӣ ҳамчун устоди шеър шӯҳрат дорад. Ғазалҳояш рангоранг, услуб ва забонаш содда. Мусҳафӣ муҳаққиқи таърихи адабиёт низ мебошад. …

Муфассал »