Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОРЗЕ

МОРЗЕ (Morse) Сэмюэл Финли Бриз (27. 4. 1791, Чарлстаун — 2. 4. 1872, Ню-Йорк), рассом ва ихтироъкори америкоӣ. Яке аз муассисон ва аввалин президенти Академияи миллии мусаввара дар Нью-Йорк (1826— 45). Морзе соли 1837 аппарати телеграфии электромагнитиро ихтироъ кард. Соли 1838 барои аппарат мазкур коди телеграфиеро ба вуҷуд овард, ки …

Муфассал »

МОРЖ

morj

МОРЖ (Odobaenua rosinarua), ягона намуди оилаи моржҳост аз қатори белпойҳо. Дарозии Морж то 3,7 м ва вазнаш ба 1,5 т мерасад. Пӯсташ ғафси оҷингдор, думу суфраи гут надорад. Морж 18—20 дандон дорад. Дар СССР дар соҳилҳои Замини Нав, ҷазираҳои Франц-Иосиф, баҳрҳои Лаптевхо, Чукот ва Беринг дучор мешавад. Хӯрокаш асосан нармбаданҳо …

Муфассал »

МОРЁНО

moryono

МОРЁНО (Moreno) Якоб Ҳзкоб Леви (20. 5. 1892, Бухарест —1975), психолог ва психиатр, асосгузори социометрия. Университети Венаро хатм кардааст. Асосгузор ва сардухтури клиникаи Бикон-Хилль (ҳоло санаторияи Морено), таъсискунандаи ж. «Sociometry» (1937) ва «International Journal of Sociometry» (1956), Институти социометрия ва психодрама (1940; Институти Морено), проффесори Университети Нью-Йорк (1951—66). Мореллӣ дар …

Муфассал »

МОРЕНА

morena

МОРЕНА (аз франс. moraine), тарокуми ҷинспораҳои гуногунандозае, ки дар натиҷаи ҳаракати пиряхҳо пайдо шудааст. Мореллӣҳо ҳаракаткунанда ва хобонида мешаванд. Мореллии ҳаракаткунанда дар навбати худ ба Мореллии болои (рӯй), дарунӣ ва поёнӣ (қаърӣ) тақсим мешавад. Мореллии болоӣ дар натиҷаи аз нишебиҳои кӯҳ ба рӯи пирях канда шуда ё ғелида фаромадани ҷинспораҳо …

Муфассал »

МОРЕЛЛӢ

morelli

МОРЕЛЛӢ (Morelly), коммунист хаёлии асри 18 франсавӣ. Маълумоти мӯътамади биографӣ боқӣ намондааст. Ақидаҳои Мореллӣ дар достони «Базилизда» (1753) ва рисолаи «Кодекси табиат ё рӯҳи аслии қонунҳои он» баён шудааст. Мувофиқи ақидаи Мореллӣ ҷамъияте, ки ба моликияти хусусӣ асос ёфтааст ва ба хираду табиат мухолиф аст, бояд бо тартиботи коммунистӣ иваз …

Муфассал »