Маълумоти охирин

МОРЖ

morjМОРЖ (Odobaenua rosinarua), ягона намуди оилаи моржҳост аз қатори белпойҳо. Дарозии Морж то 3,7 м ва вазнаш ба 1,5 т мерасад. Пӯсташ ғафси оҷингдор, думу суфраи гут надорад. Морж 18—20 дандон дорад.

Дар СССР дар соҳилҳои Замини Нав, ҷазираҳои Франц-Иосиф, баҳрҳои Лаптевхо, Чукот ва Беринг дучор мешавад. Хӯрокаш асосан нармбаданҳо мебошаид. Давраи ҳамлаш 1 сол буда, дар ҳар 2 сол якто мезояд. Дар 6—7 солагӣ ба балоғат мерасад. Саршумори Морж кам аст. Бинобар ин шикори Морж танҳо ба аҳолии Чукотка иҷозат дода шудааст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …