Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МАКТАБИ МИНЁТУРИ ШЕРОЗ

МАКТАБИ МИНЁТУРИ ШЕРОЗ, яке аз сабк ва мактабҳои минётурнигорие, ки нимаи аввали асри 14 дар Шероз ташаккул ёфтааст. Қадимтарин намунаи осори Маданияти минёатури Шероз, ки то замони мо расидааст, минётуркорӣ ва ороишоти ҳафт дастхати «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад, ки солҳои 1330—52 анҷом ёфтааст. Дар ин солҳо дар Шероз китобхонае амал мекард, …

Муфассал »

Мансур Абуҷаъфар Абдуллоҳ ибни Муҳаммад

МАНСУР     Абуҷаъфар Абдуллоҳ ибни Муҳаммад (707—775, Бағдод), халифаи дуюм (754—775) аз сулолаи Аббосиён. Баъди бародараш ас-Саффоҳ халифа шуд. Дар мубориза барои тахт бар амакаш Абдуллоҳ ибни Алӣ-ал-Мутолиб ғалаба карда, сарлашкар Абумуслимро кушт. Исьёнҳои алавиён, Муҳаммад мулаққаб ба Нафси Закия дар Мадина, Иброҳим Алӣ Муҳаммад дар Куфа ва шӯриши барбарнҳоро дар …

Муфассал »

МАНСУБА

МАНСУБА (ар.  — таъинот, чизе барпо кардашуда, тадбири кор, найранге соз кардан ё фитнае ангехтан), 1) дар шоҳмотбозии моҳирона, тадбири найрангомез. Вазъияти (шакли) ба таври сунъӣ барпо кардашудаи колой (мӯҳраҳои) шатранҷ дар рӯи матъ, ки одатан яке аз тарафҳо (сафедҳо ё сиёҳҳо) бояд супоришеро иҷро кунад (мас., шоҳи ҳарифро мот …

Муфассал »

МАММАЛИОЛОГИЯ

zagolovok

МАММАЛИОЛОГИЯ, маммалогия (аз лот. mammalis — сари синагӣ ва …логи я), соҳаи зоология, ки ҳайвонҳои ширхӯрро меомӯзад; истилоҳи «Маммалогияҳо» дар хориҷа васеъ истифода мешавад, дар тоҷикистон бошад, ба ҷои он бештар истилоҳи «териология»-ро кор мефармоянд.

Муфассал »

Малтус Томас Роберт

thomas_robert_malthus

МАЛТУС (Mallhus) Томас Роберт (17. 2. 1766, Рукори назди Гилфорд—23. 12. 1834, назди Бата), иқтисодчии англис, рӯҳонӣ, яке аз асосгузорони иқтисоди сиёсии вульгарӣ ва мальтусчигӣ. Мальтоиҳо манфиати синфҳои ҳукмронро ҳимоя намуда, ба ғояҳои социализми хаслии У. Годвин, афкори прогрессивии идеологҳои Револютияи буржуазии Франция Мальтоиҳо Кондорес, Ж. Ж. Руссо ва дигар …

Муфассал »