Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАКТАБИ МИНЁТУРИ ШЕРОЗ

МАКТАБИ МИНЁТУРИ ШЕРОЗ

МАКТАБИ МИНЁТУРИ ШЕРОЗ, яке аз сабк ва мактабҳои минётурнигорие, ки нимаи аввали асри 14 дар Шероз ташаккул ёфтааст. Қадимтарин намунаи осори Маданияти минёатури Шероз, ки то замони мо расидааст, минётуркорӣ ва ороишоти ҳафт дастхати «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад, ки солҳои 1330—52 анҷом ёфтааст. Дар ин солҳо дар Шероз китобхонае амал мекард, ки минётурнигорону ҳунармандони салиқаашон гуногунро гирд оварда буд. Услуби умумии минётурҳои ин мактаб характери монументалӣ дошта, ҷуссаҳои калон (баъзан барқадди мусаввара) дар замини сурх ё зард офарида мешуд. Пейзажнигорӣ ҳамчун тавсифи ҷои амал инкишоф ёфта, тасвири аниқи фазо ба ҳукми анъана медарояд.

eron

Солҳои 70 асри 14 дар мусаввараҳои Маданияти минёатури Шероз принципи дитари фазоӣ — тасвири сертаркибаву серҷузъиёт дар минётур маъмул мегардад. Дар охири асри 14 ва ибтидои асри 15 баъди Бағдоду Табрезро фатҳ намудани Темур ҳунармандону санъаткорони зиёде ба Самарқанду Шероз оварда шудаад ва Маданияти минёатури Шероз рӯ ба инкишоф ниҳод.

Ва ин дастхати «Тазкират-yл -шуаро», ки солҳои 1410—11. таълиф шудаанд гувоҳӣ медиҳад. Дар қатори минётурҳои сабки Шероз дар ин дастхатҳо боз мусаввараҳои бо услуби минётурнигории Бағдоду Табрез эҷодшуда вомехӯранд, ки барҷастатарин намояндаи он Ҷунайд Султои буд. Дар ин минётурҳо принципи тасвири фазоӣ ва композиция мукаммал гардида, тафсири образ, пейзаж, аҷсоми меъморӣ бо таъсири минётурҳои Ҷунайд Султон инкишоф ёфт. Вале соли 1420 аз ин ду равия сабки Шероз бартарӣ пайдо карда, услуби минётурнигории Бағдоду Табрезро танг карда баровард. Тасвирот аниқ, шумораи ҷуссаҳо кам, таносуби рангу ҳолати пайкарҳо човишгар мегарданд («Тазкират-уш-шуаро», 1420).

Ҳатто усулҳои минётурнигории дар мактаби Бағдод расмгардида таъбири нави худро меёбанд. Дар аксари минётурҳо ба сифати замин (фон) қуллаҳои якранги тирафом истифода мешаванд. Инкишофи минбаъдаи Маданияти минёатури Шероз бо ҳамии роҳ сурат гирифтааст («Таърихи Ҷаҳонкушо»-и Ҷувайнӣ, 1438, «Хамса»-и Низомӣ, 1444—45). Қуллаҳои якранги теғаҳояшон бо рахҳои ҳошиямонанд оро додашуда бо мурури замон меъёри маъмули минётурҳои ин мактаб мегардад. Тасвири махсуси марғзор бо анбӯҳи растаниҳои зич, харсангҳои қунғурамоганд, абрҳои қабат бақабату пурпечутоб нишонаҳои хоси минётурҳои солҳои 40-ум ба шумор меравад.

Ба минётурҳои Маданияти минётури Шероз нимаи дуюми асри 15 муҷази, тобишҳои равшани рангҳо хос аст («Шоҳнома», 1450—60). Дар охири асри 15 Маданияти минётури Шероз ба авҷи инкишофи худ расида, тамоми нозукӣ, дақиқӣ ва назаррабоии санъати минётурнигориро дар худ таҷассум мекунад («Хамса»-и Низомӣ, 1491). Маданияти минётури Шероз дар асри 16 ҳам инкишоф ёфта, дар худ беҳтарин сифатҳои минётурнигории охири асри 15-и Шерозро нигоҳ медорад (Девони Ҳофиз, 1532).

Аз охири солҳои 40-ум миқдори дастхатҳои минётурдор афзуда, композиции бою мукаммал, рангҳо равшану ҷозиб мегарданд («Хамса»-и Низомӣ, 1543—44; 1545). Дар солҳои 1560—70 Маданияти минётури Шероз ба давраи нав қадам мениҳад, ки ба он композицияи бисьёрфигуравӣ хос буд (мас., тасвири ҷавгонбозӣ, маросимҳои гуногуни серодам ва ғ.). Бозёфтҳои эҷодии композицияи бисьёрфигуравӣ алалхусус дар «Меҳр ва Муштарӣ»-и Ассори Табрезӣ, «Куллиёт»-и Саъдии Шерозӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1594—95) равшан ба чашм мерасад. Минётурхои ин давра аз рӯи андоза калонтар шуда, домани мавзӯашон васеъ мегардад ва ҷузъиёти маишӣ ботафсилтар ифода меёбад.

Мақоми ороишот, ки яке аз ҷузъҳои муҳимтарини Маданияти минётури Шероз буд, боз ҳам меафзояд: дер нигоштани ҷузъиёти меъморӣ рангубор, зебу зинат ва нақшунигори табиӣ қувват мегирад. Маданияти минётури Шероз дар тӯли poҳи дурударози эҷодӣ (нимаи дуюми асри 15 — ибтидои асри 17) ба бисьёр бозёфтҳо ноил шуд ва баробари моҳирона ҳазм ламудани анъанаи дигар сабку равияҳои минётурнигорӣ услуби хоси худро то охир нигоҳ дошт.

М. Ашрафӣ.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …