Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абалак

abalak

Абалак (Сеratocarpus urticulosus), гиёҳест яксола, сершохубарг (аз 3 то 30 см қад мекашад). Баргу пояаш аз серпашмакӣ хокистарранг метобад. Баргаш майда (дарозиаш 0,5 – 7 см; бараш 0,2 – 1 см), дурушт, дарозрӯя ё нештаршакл (баъзан риштамонанд). Гулаш майда, сабзтоб (бештар баҳорон мешукуфад). Мевааш сегӯша, ба меваи ҷағҷағ монанд аст; …

Муфассал »

Шаҳри Абакан

shahri-abakan

Абакан (1925 – 1931, Хакасск), шаҳр дар Федератсияи Россия, пойтахти Ҷумҳурии Хакасия (аз 1992). Дар ҷануби ғарбии Красноярск, дар қисми марказии ҳавзаи Минусинск, дар резишгоҳи дарёи Абакан ба дарёи Енисей воқеъ аст. Аҳолиаш 165,2 ҳазор нафар (2009). Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард мебошад, аэропорт ва бандар дорад. Дар Абакан …

Муфассал »

Дарёи Абакан

darei-abakan

Абакан, дарё дар кишвари Крас­ноярски Федератсияи Россия, шохоби чапи дарёи Енисей. Дарозиаш 514 км; масоҳаташ ҳавзааш 32 000 км2. Дар поёнобаш дар як сония 400м3 об ҷорӣ меша­вад. Дар натиҷаи ба ҳамдигар ҳамроҳ шудани Абакани Хурд ва Абакани Калон, ки аз нишебиҳои шимолии Саяни Ғарбӣ ва кӯҳҳои Олтой сар мешаванд, …

Муфассал »

Абак

abak

Абак (лот. аbacus), абак, асбоби арифметикиест аз чӯб ва мӯҳраҳои махсус, баистилоҳ, нахустин «калкулятори чубин» дар ҷаҳон. Абак чун асбоби муҳосибӣ дар тамоми кишварҳои қадим истифода мешуд ва то ҳанӯз дар кишварҳои Осиё, аз ҷумла дар Тоҷикистон бо номи «чӯт» баъзан истифода мешавад. Риёзидони асримиёнагии Италия Леонардо Пизан­ский, ки бо …

Муфассал »

Абай Иброҳим Қунанбоев

abay-ibrohim-qunanboev

Абай Иброҳим Қунанбоев (10. 8. 1845 – 6. 7. 1904), шоир, нависанда, ходими ҷамъиятии қазоқ, асосгузо­ри адабиёти хаттии қазоқ ва нахустин классики он. Аз оилаи ашрофи сарватманди қазоқ. Дар оила ӯро «Абай» ном мебурданд, ки маънояш «ҳушёр», «зирак» мебошад. Маълумоти ибтидоиро дархонавода ва аз муаллимони хусусӣ гирифтааст. Дар тарбияи маънавии …

Муфассал »