Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Абашидзе Ираклий Виссарионович

abashidze-irakliy-vissarinovich

Абашидзе Ираклий Виссарионович (23.11.1909, деҳаи Хони, губ. Кутаиси -1992, Тбилиси), шоир ва ходими ҷамъиятии гурҷӣ, академик АИ РСС Гурҷистон (1960). Қаҳрамони   Меҳнати Сотсиалистӣ (1979). Раиси Шӯрои Олии РСС Гурҷистон (1971). Раиси Садорати ИН Гурҷистон (1953- 1967), сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Гурҷистон буд. Шеърҳояш аз соли 1928 чоп шудаанд. Дар маҷмӯаҳои ӯ …

Муфассал »

Абашидзе Григол Григоревич

abashidze-grigol-grigorevich

Абашидзе Григол Григоревич (1. 8. 1914, Чиатураи Гурҷистон -1994), шоир ва нависандаи гурҷӣ, акад. АН РСС Гурҷистон (1979). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974). Котиби якуми Садорати ИН Гурҷистон (1967 – 1981). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тбилиси (1936). Шеърҳояш аз соли 1934 чоп мешаванд. Асарҳои Абашидзе ба таърихи қадими Гурҷистон ва ҳаёти бунёдкоронаи …

Муфассал »

Абат

abat

Абат, биотион, дифос, як навъмоддаи химиявӣ. Аз кристаллҳои сафед иборат аст. Барои нобуд кардани кирминаи пашшаю магасҳо ва ҳашароти молхонаҳо, ҳамчунин аз кана, трипе ва дигар ҳашароти зараррасон ҳифз намудани зироат – лаб- лабуи қанд, сабзавот, растаниҳои ситрусӣ ва пахта истифода мегардад.

Муфассал »

Абаса

abasa

Абаса (ар. абаса – рӯ турш кар­дан), сураи 80-уми Қурьон. Дар Мак­ка нозил шуда, аз 42 оят ва як рукӯъ иборат мебошад. Ба тартиби нузул сураи 17-ум аст. Номи Абаса аз ояти якум гирифта шудааст. Сабаби нузули онро чунин гуфтаанд: Абдуллоҳиди Пайғамбар (с) омад, ки ӯ машғули даъвати бузургони Қурайш …

Муфассал »

Абаргар

abargar

Абаргар (бо номи Қалъаи Муғ  ҳам маъруф аст), ёдгории археологӣ, боқимондаи истеҳкоми деҳқонони работ, ки бинои дуошёна буда, аз 5 хонаи дарозрӯяи гунбазӣ иборат будааст. Абаргар ҳанӯз дар асри 8 м. обод будааст ва харобааш ҳоло 3 км дуртар аз деҳаи Хайрободи ноҳ. Айнӣ боқист. Ниг. низ Хуҷҷатҳои Қалъаи Муғ. …

Муфассал »