Маълумоти охирин

Абаргар

Абаргар (бо номи Қалъаи Муғ  ҳам маъруф аст), ёдгории археологӣ, боқимондаи истеҳкоми деҳқонони работ, ки бинои дуошёна буда, аз 5 хонаи дарозрӯяи гунбазӣ иборат будааст. Абаргар ҳанӯз дар асри 8 м. обод будааст ва харобааш ҳоло 3 км дуртар аз деҳаи Хайрободи ноҳ. Айнӣ боқист. Ниг. низ Хуҷҷатҳои Қалъаи Муғ.

Ад.: Б е и т о в и ч И. Б., Находки на горе Муғ, «Тр. Таджикской археологической экспедиции», т. 2., М. – Л., 1958; Якубов Ю., Археологичес­кие раскопки Гардани Хисор. «Изв. Отделения общественных наук АН Таджикской ССР», № 4, Д. 1966.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …