Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

АБУЛҲАСАНИ МЕЪМОР

nomalum

АБУЛҲАСАНИ МЕЪМОР (соли таваллуд ва вафот номаълум), меъмори форс- тоҷик (асри 12). Дар Хуросон таваллуд ва камол ёфтааст. Аз осори меъмории Абулҳасани Меъмор бинои Работа Шараф (Хуро­сон, 1171) боқист. Ин работ аз ҷумлаи биноҳои бисёр зебои он замон буда, дар сохтмонаш меъмор Алӣ ибни Муҳаммади Сарахсӣ низ иштирок кардааст.

Муфассал »

АБУЛҲАСАНИ ЛУКАРӢ

nomalum

АБУЛҲАСАНИ ЛУКАРӢ Алӣ ибни Муҳаммади Ғазвонй маъруф ба Лукарии Чангзан (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (нимаи дуюми асри 10). Ҳаёт ва фаъолияти шоирии ӯ, асосан, дар Лукар (яке аз шаҳрҳои наздики Марв) гузаштааст. Ӯ дар чангнавозӣ мақорати хуб доштааст. Шоҳи сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур ва вазири ӯ Убайдуллоҳ …

Муфассал »

АБУЛҲАҚИ БУХОРОӢ ибни Сайфуддин

nomalum

АБУЛҲАҚИ БУХОРОӢ ибни Сайфуддин (соли таваллуд тақрибан 1551 – вафот 1642, Ҳинд), муаррих ва географ. Абулҳақи Бухороӣ асосан дар хидмати салотини Темуриёни Ҳинд будааст. Абулҳақи Бухороӣ дар таърих ва география осори қобили таваҷҷӯҳе аз худ гузоштааст. Китоби «Таърихи Ҳаққӣ» аз маъруфтарин таълифоти ӯ дар илми таърих буда, шомили иттилооти фаровоне …

Муфассал »

АБУЛҲАЕВ Владимир Ҷалолович

АБУЛҲАЕВ Владимир Ҷалолович

АБУЛҲАЕВ Владимир Ҷалолович (таваллуд 12. 8. 1948, Панҷакент), химик, доктори илми химия (1996), профессор (2008), академик Академияи Нию-Ёрк (1977). Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Ки­ев (1972). Фаъолияти меҳнатиаш соли 1973 дар Сарредаксияи илмии ЭСТ оғоз гардидааст. Муҳандиси Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи Академияи Илмҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1973 – 74). Аз …

Муфассал »

АБУЛХАЙРХОН

abulxairxon

АБУЛХАЙРХОН (1414 – 1469), хони ӯзбек, аз сулолаи Ҷуҷ. Давлати пурҳашамати ҳудудаш аз Си­бири Ғарбӣ то Сирдарёро таъсис дода, дар он қабилаҳои кӯчманчии қипчоқу ӯзбек (ва ғайра)-ро муттаҳид намуд ва яке аз асосгузорони давлати феодалӣ гардид. Соли 1446 чандин шаҳру қалъаҳои гирду атрофи Сирдарёро забт карда (Оққӯрғон,  Арқуқ, Ӯзганд, Сиғноқ), …

Муфассал »