Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / АБУЛҲАСАНИ ЛУКАРӢ

АБУЛҲАСАНИ ЛУКАРӢ

АБУЛҲАСАНИ ЛУКАРӢ Алӣ ибни Муҳаммади Ғазвонй маъруф ба Лукарии Чангзан (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (нимаи дуюми асри 10). Ҳаёт ва фаъолияти шоирии ӯ, асосан, дар Лукар (яке аз шаҳрҳои наздики Марв) гузаштааст. Ӯ дар чангнавозӣ мақорати хуб доштааст. Шоҳи сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур ва вазири ӯ Убайдуллоҳ ибни Аҳмадро мадҳ кардааст.

Муҳаммад Авфии Бухорой дар «Лубоб-ул- албоб» навиштааст, ки Абулҳасани Лукарӣ дар фанни шеър маҳорати баланд дошт. Абёти дастрасшудаи ӯ (чамъ 19 байт) дар анвои адабии қасида ва ғазал суруда шудаанд. Ба гуфтаи Муҳаммад Авфӣ Абулҳасанӣ Лукарӣ аз ҷумлаи шоиронест, ки ибтидои қасидаи тамомматлаъро гузоштааст. Қасидаи тамомматлаи ӯ ин аст:

Убайдуллоҳ ибни Ахмад – вазири шоҳи сомонӣ,
Ҳаметобад шуои дод аз он пурнур пешонӣ,
Ба сурат одамӣ омад, ба маънӣ нури субҳонӣ,
Бухоро хуштар аз Лукар, Худовандо, хамедонӣ,
Валекин курд нашкебид аз дӯғи биёбонӣ.
Адабиёт: Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Душанбе. 2007.

У. Toиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …