Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИЁҲМУҒ

СИЁҲМУҒ, сиёҳмушк, қарокун, як навъ касалии растаниро гуянд, ки занбӯруғҳои сиёҳмуғ ба вуҷуд меоваранд. Бештар зироатҳои ғалладона Сиëҳмуғ мешаванд. Аз Сиëмуғ пиёзҳо, торониҳо, мехакиҳо, мураккабгулҳо,чатргулҳо,хашхошиҳо ва ғайра низ зарар мебинанд. Сиëмуғ ба хоҷагии қишлоқ зарари калон мерасонад. Хӯша, сӯта, баргу поя ва дони растании касал сиëҳ гашта, пур аз хокаи …

Муфассал »

СИЁҲДОНА

  СИЁҲДОНА, сияҳдона, седона, сидона, шуниз, нигелла (nigella), як навъ гиёҳест, ки донаи онро ба рӯи нон пошанд; бино ба таснифоти ботаника ҷинси гиёҳҳои яксолаест аз оилаи чакамуғиҳо. Дар дунë 20—25 ва дар СССР (Қисми европоӣ, Кавказ, Осиëи Миëна)  11 намуди Сиëҳгӯш мерӯяд. Дар Тоҷикистон 3 намуди Сиëҳгӯш месабзад. Сиëҳгӯши …

Муфассал »

СИЁҲГӮШ

СИЁҲГӮШ, гули сиёҳгӯш, сияҳгӯш, сиёвуш, гули қаламқош, гули маъмули навбаҳор аст аз ҷинси наврӯзӣ — Junо (оилаи савсаниҳо). Гиёҳи бисёрсолаест, ки пиëзаки калон ва решаҳои танобшакл дорад. Сиëҳгӯш ба наврӯзӣ монанд аст. Аммо гулҳои наврӯзӣ зард ё зарди сафедча, гулҳои Сиëҳгӯш бунафш, гулобӣ ë бунафши сиëҳтоб мешавад. Сиёҳтоб— J. Nicolai …

Муфассал »

СИЁҲАЛАФ

СИЁҲАЛАФ, сияҳалаф, сеалаф, номи муштараки якчанд навъ пиёзи худрӯст. Пиёзакаш мудаввар (ғафсиаш 1—4 сантиметр), пояаш 20—90 сантиметр қад мекашад, баргаш борик ё васеи тасмашакл (бараш 1— 5 сантиметр), гули майдаи дуҷинса ва ғӯзаи сепалла дорад. Асосан дар минтақаи ҷангалзор, камари шахҳо ва соҳили рӯдҳои кӯҳӣ, нишебиҳои санглохи қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, …

Муфассал »

СИЁҚАТУЛАЪДОД

СИЁҚАТУЛАЪДОД (арабӣ — тартиб ва —ададҳо),таъдид ва шумур низ мегӯянд; санъати бадеии маънавӣ; шир як силсила мафҳумҳоро пай дар пай баршумурда ҳар якеро тафсиру эзоҳ мекунад ва ë умуман риояи зикри ададро менамояд. Масалан: Бодо фидои зулфу руху қомату лабаш, Як ҷони ман, ки сӯхтаи ҳар чаҳори ӯст. (Хусрави Деҳлавӣ). …

Муфассал »