Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / СИЁҚАТУЛАЪДОД

СИЁҚАТУЛАЪДОД

СИЁҚАТУЛАЪДОД (арабӣ — тартиб ва —ададҳо),таъдид ва шумур низ мегӯянд; санъати бадеии маънавӣ; шир як силсила мафҳумҳоро пай дар пай баршумурда ҳар якеро тафсиру эзоҳ мекунад ва ë умуман риояи зикри ададро менамояд. Масалан:

Бодо фидои зулфу руху қомату лабаш,

Як ҷони ман, ки сӯхтаи ҳар чаҳори ӯст.

(Хусрави Деҳлавӣ).

Агар Саёқатулъдод бо санъатҳои дигар (таҷнис, тазод ва ғайра) оварда шавад, таъсири шеър боз ҳам

меафзояд:

Дуруду дарду нозу созу меҳру кин,

Ҳар чи ояд — хуш бувад з-он нозанин.

(Атоуллоҳ).

Баъзан дар шеър ададҳо батартиб номбар гардида, шарҳ дода мешаванд:

Як шабе бо ду-се чоре аз ҳарифон даркаш,

Панҷ – шаш коса маю ғам дигар аз давр  мадор.

(Атоуллоҳ).

Гоҳе ададҳо аз боло ба поён ҳам шумурда мешаванд («даҳ», «нуҳ», «ҳашт»); гоҳи дигар нопурра ва қисман зикр меёбанд.

Г. Мусулмонқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …