Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СИХМОЛА

sixmola

СИХМОЛА, олатест, барои нарм кардани замин ва бехи растаниҳо. Маълумоти аввалин оид ба истифодаи Сихмола ба асри 1 то милод (Рими Қадим) тааллуқ дорад. Сихмола охирҳои асри 1 милод дар байни қабилаҳои славянӣ маъмул шудааст. Сихмолаои ҳозираро ба дандонадор, дискдор, инчунин муштарак ва махсус ҷудо мекунанд. Сихмолаи дандонадор барои нарм …

Муфассал »

СИХКАБОБ

sixkabob

СИХКАБОБ, як навъ таоми қадимаи тоҷикиро гӯянд, ки дар байни халқҳои Осиёи Миёна ва Кавказ низ маъмул аст. Пораҳои хурд-хурди гӯшти беустухонро (гӯсфанд, баъзан гов) бо намак, мурч (ё қаланфури кӯфта), бехпиёзи резакардашуда, зира, сирко ё оби лимӯ (мувофиқи табъ) омехта, дар зарфи чинӣ ё сирдор 2—3 соат нигоҳ медоранд. …

Муфассал »

СИФОҚ

sifok

СИФОҚ (арабӣ), шикампарда, гишои шикам, пардаи тунуки нимшаффофест, ки дар тарафи даруни девораи ковокии шикам воқеъ буда, рӯи узвҳои андаруни шикамро мепӯшад. Масоҳати умумии Сифоқи одами калонсол 1,6—2,04 м2, ғафсиаш 0,7—1,1 мм мешавад. Қабати берунии Сифоқ аз мезотелий (бофтаи эпителӣ), ки асоси онро бофтаи пайвандии алёфи (сернах )ташкил мекунад, ҳосил …

Муфассал »

СИФР

sifr

СИФР (арабӣ— холӣ, ҳеҷ), нул, нол, ададсст, ки ҳангоми ҳар гуна ададро бо он ҷамъ кардан он адад тағйир намеёбад. Сифрро бо 0 ишорат мекунанд. Ҳосили зарби адади дилхоҳ ба 0 Сифр аст: а * 0 = 0 *а = 0. Агар ҳосили зарби ду адади ҳақиқӣ ё ду адади …

Муфассал »

СИФИЛИС

sifilis-1

СИФИЛИС, доначаҳоеро гӯянд, ки ҳангоми сифилис дар пӯст медаманд; масалан, розеола (доначаҳои сурх), пайса, рихинак ва ғайра.

Муфассал »