Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИФР

СИФР

sifr-1

СИФР (арабӣ— холӣ, ҳеҷ), нул, нол, ададсст, ки ҳангоми ҳар гуна ададро бо он ҷамъ кардан он адад тағйир намеёбад. Сифрро бо 0 ишорат мекунанд. Ҳосили зарби адади дилхоҳ ба 0 Сифр аст: а * 0 = 0 *а = 0. Агар ҳосили зарби ду адади ҳақиқӣ ё ду адади комплексӣ ба Сифр баробар бошад, он гоҳ лоақал яке аз ҳамгарбҳо ба Сифр баробар аст; аз а-Ь = 0 бармеояд, ки ё а = 0 ва ё 6 = 0. Тақсим ба Сифр имконнопазир аст. Дар математика мафҳуми Сифр барои ягон маҷмӯи элементҳо (гурӯъ, ҷалъа, майдон ва ғайра) низ истифода мешавад. Дар гурӯҳи коммутативии адаптивӣ Сифр гуфта элементи 0-ро меноманд, ки барои он а + 0 = 0 + а = а аст (ин ҷо а элементи дилхоҳи гурӯҳ мебошад). Сифр дар ҳалқа низ ҳамин тавр муайян карда мешавад; дар он барои Сифр баробарии а-0 = 0*а = 0 ҳамеша иҷро хоҳад шуд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …