Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

СУНБУЛИ ОБӢ

sunbuli-obi

СУНБУЛИ ОБӢ, эйхорния (Еihhornia), як ҷисии гиёҳҳои обист. Баргаш дар гарданаи реша месабзад. Думчаи баргаш пуфакчашакл аст. Хӯшагулаш базеби сергул, гулаш осмониранг. Барои ороиш даргулҳавз ва аквариум мепарваранд. Сунбули обиро охирҳои тирамоҳ аз ҳавзҳо гирифта, дар гулхона нигоҳ медоранд. Бештар як намуди он (Е. crassipes)-ро парвариш мекунанд. Сунбули обиро чанд …

Муфассал »

СУНБУЛА

sunbula-month

СУНБУЛА (арабӣ     — хӯша), номи моҳи панҷуми солшумории ҳиҷрии шамсист, ки аз 30 рӯз иборат аст. Сунбула ба 24 август— 23 сентябр солшумории милодӣ рост меояд.

Муфассал »

СУНБУЛА

sunbula

СУНБУЛА (арабӣ     лотинӣ virgo, русӣ Дева), номи яке аз бурҷҳои дувоздаҳгона аст. Равшантарин ситорааш Хӯша ном дорад, ки қадри ситоравиаш ба 1,0 баробар аст. Ҳоло нуқтаи эътидоли баҳорӣ дар бурҷи Сунбула аст. Дар Сунбула манбаи пурқуввати радиоафканишот ҳаст (ишорааш Vi-гА), ки берун аз ҳудуди Галактикаи мо воқеъ бувад. Шароити мусоиди …

Муфассал »

СУНБУЛ

sunbul

СУНБУЛ, гули сунбул, ҳиацинт (Hyasianthus orientalis), гиёҳи бисёрсолаи пиёзбехест аз оилаи занбақиҳо. Пиёзакаш сафед ё бунафш (диаметраш то 3 см). То 40 см қад мекашад. 4—8-то барги тасмашакл (дарозиаш 15—20 см, бараш 1—4,5 ом) дорад. Хӯшагулаш 2-6- гулан осмониранг (Сунбули кишта то 40—80-то гул) дорад, ғӯзааш мудаввари сеқирраи сермағз, тухмаш …

Муфассал »