Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХОНДАМИР Ғиёсуддин иб­ни Ҳумомуддини Ҳусайнӣ

ХОНДАМИР  Ғиёсуддин иб­ни Ҳумомуддини  Ҳусайнӣ (1475, Ҳирот—1535, Деҳлӣ), муаррихи форс- тоҷик, набераи Мирхонд. Аввалҳо дар дарбори Темуриён – Ҳирот хизмат кардааст. Баъди сарнагун шудани сулолаи Темуриён дар Ҳирот, Xондамир муддате дар дарбори Исмоили Сафавӣ хизмат карда, с. 1528 ба маркази Империяи Темуриёни Ҳинд —ш. Деҳлӣ рафт. Дар замони ҳукмронии Бобур …

Муфассал »

Деҳаи ХОНАҚОҲ

village-2

ХОНАҚОҲ деҳаест дар С. қ. Хонақоҳи Кўҳии pаёни Ҳисори РСС Тоҷикистон дар ҳудуди с-зи ниҳолпарварии «Дружба», Аз деҳа то район 25 км. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш ғаллакорӣ, боғу токпарварӣ ва чорводорист.

Муфассал »

ХОНГАЗА

 ХОНГАЗА, харобаи бошишгоҳи асрҳои 1—4, ки дар ҳудуди с-зи Бешкенти pаёни Шаҳртуз воқест. Хонгазаро солҳои 1958—59 бостоншинос А. М. Ман­дельштам таҳқиқ намуд. Хароба дар намуди ду теппаи хокӣ боқӣ мондааст. Масоҳати ҳар яке аз теппаҳо тақр. 1 га. Дар натиҷаи ҳафриёт маълум гардид, ки бошишгоҳ дар баландӣ бино ёфта будааст. …

Муфассал »

Дарёи ХОНАҚОҲ

ХОНАҚОҲ дарёест дар РСС Тоҷикистон, шохоби рости дарёи Кофарниҳон. Дарё аз нишебии ҷанубии қ-кўҳи Ҳисор ибтидо меёбад. Тулаш 61 км, масоҳ. ҳавзааш 362 км2. Болооб ва миёнаоби дарё аз дараи танг, поёнобаш аз водии васеъ ҷорист. Манбаи дарё барфу пирях. Давраи пуробиаш ах охири феврал то миёнаи снтябр давом ме­кунад. …

Муфассал »