Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОНГАЗА

ХОНГАЗА

 ХОНГАЗА, харобаи бошишгоҳи асрҳои 1—4, ки дар ҳудуди с-зи Бешкенти pаёни Шаҳртуз воқест. Хонгазаро солҳои 1958—59 бостоншинос А. М. Ман­дельштам таҳқиқ намуд. Хароба дар намуди ду теппаи хокӣ боқӣ мондааст. Масоҳати ҳар яке аз теппаҳо тақр. 1 га. Дар натиҷаи ҳафриёт маълум гардид, ки бошишгоҳ дар баландӣ бино ёфта будааст. Дар Xонгаза биноҳои истиқоматию хоҷагӣ кашф гардиданд, ки деворҳои онҳо (ғафсиашон то 0,7 м) аз хишти хому похсаанд. Биноҳо бо тангкўчаҳо аз ҳам ҷудо карда шудаанд. Аз Xонгаза сафолот, корди оҳанӣ, пайконҳо, чархдуги сангӣ, тангаҳои биринҷӣ ёфт шуданд.            В. С. Соловьев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …