Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 72)

Гуногун

УСМОНОВ Пӯлод Ҷӯраевич

УСМОНОВ Пӯлод Ҷӯраевич (таваллуд 7. 5. 1935, шаҳри Конибодом), генетики советӣ, доктори илмҳои биология (1984), профессор (1986), аъзокоррспонденти Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1985). Аъзои КПСС аз соли 1978. Баъди хатми Университети Давлатии Тоҷикистон (1959) лаборанти Институти тадқиқоти илмии ботаника, солҳои 1962—75 ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири лабораторияи радиобиология …

Муфассал »

УСМОНОВ Очилбой

УСМОНОВ Очилбой (таваллуд 31. 8. 1930, деҳаи Қистакӯзи раёни Хуҷанд), ҳуқуқшшносн советӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносй (1977), профессор (1979). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз солли 1954. Соли 1955 факултети ҳуқуқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ассистенти кафедраи назарияи таърихи давлат ва ҳуқуқ (1965 —59), муаллими калон, досент ва декани факултети …

Муфассал »

УСМОНОВ Неъматулло

УСМОНОВ Неъматулло (таваллуд 6. 1.1929, Самарқанд), ҷарроҳи советии тоҷик, доктори илми тиб (1969), профессор (1970). Ходими Хизматнишондодаи Илми Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1979). Баъди хатми Институти тиббии Самарқанд (1950) то соли 1952 ординатори клиникаи ҷарроҳияи умумии ҳамон институти буд. Муаллими мактаби фелдшерию акушерии Самарқанд (1952—53), ординатор, аспирант, ассистент ва досенти …

Муфассал »

УСМОНОВ Муҳаммаднурӣ

УСМОНОВ Муҳаммаднурӣ (таваллуд 6. 11. 1924, Махачқалъа, РАСС Доғистон), шарқшиноси советӣ, доктори илмҳои филология (1971). Аз оилаи хизматчӣ. Факултети филологии Университи давлатии Москваро хатм кардааст (1950). Ходими илмӣ (1954—72), аз соли 1972 мудири сектори Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР. Тадқиқоти илмии Усмонов масъалаҳои таърихи адабиёти асрҳои 10—12-и форс-тоҷик, эҷодиёти Рӯдакӣ. …

Муфассал »

УСМОН ИБНИ АФФОН

uthman

УСМОН ИБНИ АФФОН (соли таваллуд номаълум, Макка — вафот 656, Мадина), халифаи сеюм (644— 656) аз хулафои «рошидин» (чорёрон). Вай то мусулмон шуданаш бо тиҷорату судхӯрӣ машғул буд. Усмон ибни Аффон аз хазинаи хилофат на фақат барои худ мегирифт, балки аз он ба саҳобаҳо, хешу табори худу ашроф маблағҳои зиедеро …

Муфассал »

УСМОНОВ Зафар Ҷураевич

УСМОНОВ Зафар Ҷураевич (таваллуд 26. 8. 1937, шаҳри Сталинобод), математики советӣ, доктори илмҳои физика ва математика (1973). Академики Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1981; аъзо-коррспондент 1976). Аъзои КПСС аз соли 1975. Аз соли 1984 академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаю математика ва геологияю химияи Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон. Корҳои илмии Усмонов асосан ба …

Муфассал »

Усмон ибни Иброҳим

УСМОН Усмон ибни Иброҳим (соли таваллуд номаълум — вафот 1212, Самарқанд), султони Қарахониён. Усмон дар ибтидо ҳокими шаҳри Самарқанд буд. Баъди вафоти падар дар ҳудуди асрҳои 12—13 ба тахти давлати Қарахониён нишаста, унвони «Султони кабири султонон»-ро гирифт. Дар ин давра байни Қаракидониён ва Хоразмшоҳиён муборизаи сахт мерафт. Вале Усмон бо …

Муфассал »

УСЕНКО Александр Яковлевич

УСЕНКО Александр Яковлевич (5. 3. 1919, деҳаи Березниговатои вилояти Николаев, РСС Украина—26.10.1978), шоири советии рус. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1941. Соли 1936 бо роҳхати комсомол ба Тоҷикистон омад. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Муҳаррири газетаи «Криля Таджикистана» («Болҳои Тоҷикистон») буд. Аввалин шеърҳои Усенко дар газетаҳои республикавӣ ва …

Муфассал »

УРФИИ ШЕРОЗӢ

УРФИИ ШЕРОЗӢ Ҷамолуддин Муҳаммад ибни Зайнуддин ибни Ҷамолуддинп Чодарбоф (1556, Шероз—1591, Лоҳури Покистон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Яке аз намояндагони сабки ҳиндӣ. Пас аз касби камол ба Ҳиндустон сафар кард ва ба хидмати ҳукмронони ин кишвар дохил шуд. С. 1588 ашъорашро дар девоне ҷамъ овард. Урфии Шерозӣ дар пайравии «Махзан-ул-асрор» ва …

Муфассал »