Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 54)

Гуногун

ФОЗИЛӢ Мавлоно Фозилӣ

ФОЗИЛӢ Мавлоно Фозилӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, бастакор, мусиқишинос ва шоири тоҷик (охири асри 16-ибтидои асри 17). Дар Ҳирот таваллуд ёфтааст. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш омӯхтааст. Овози ниҳоят фораму дилкаш дошта, дар пайравии устодови мусиқии Ҳирот асарҳои «Қавл», «Амал», «Нақш», «Пешрав» ва дигарро навиштааст. Фозилӣ соҳибдевон буда, дар …

Муфассал »

ФОЗИЛОВА Тӯҳфа

t-fozilova

ФОЗИЛОВА Тӯҳфа (1917, шаҳри Конибодом—3.2.1984, Душанбе), ҳунарпешаи советии тоҷик. Артисти Халқии СССР (1957). Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рудакӣ (1977). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1941. Фаъолияти эҷодии Фозилова дар маҳфили ҳаваскорони интернати шаҳри Конибодом ва театри ин шаҳр оғоз гардидааст. Нақши аввалини ӯ Лолахон («Лолахон»-и …

Муфассал »

ФОЗИЛХОНИ ГАРРУСӢ Мирзо Муҳаммад

ФОЗИЛХОНИ ГАРРУСӢ Мирзо Муҳаммад (1783, Гарруси Эрон—1851, Тифлис), нависандаи эронӣ. Дар зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Соли 1799 ба Теҳрон омада, илмҳои замонашро пурра омӯхт ва ҳамчун донишманд маъруф гардид. Соли 1829 Фозилхони Гаррусӣ дар ҳайати намояндагие, ки давлати Эрон ба Роосия фиристода буд, ба Петербург омада, бо А. С. Пушкин …

Муфассал »

ФОЗИЛОВ Муллоҷон Фозилович

ФОЗИЛОВ Муллоҷон Фозилович (15. 9. 1914, Конибодом —1. 7. 1977, душанбе), забоншиноси советии тоҷик, аъзо-коррспонденти Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1952), Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1974). Аз оилаи косиб. Аъзои КПСС аз соли 1944. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Университети давлатии Ленинградро хатм кард (1940). Мудири кафедраи забон …

Муфассал »

ФОЗИЛИИ САМАРҚАНДӢ Муҳаммадфозил

ФОЗИЛИИ САМАРҚАНДӢ Муҳаммадфозил (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Дар нимаи дуюми асри 16 умр ба сар бурдааст. Тоҷир будааст. Пас аз сафари якчанд кишвар ба Самарқанд баргашта, ба хидмати яке аз ҳокимони давр дохил шуд. Дар шоирӣ тазкиранигор Мутрибиро устоди худ медонист ва аксар ашъорашро аз назари ӯ …

Муфассал »

ФЛУОРЕССЕИСИЯ

ФЛУОРЕССЕИСИЯ, люминиссенсияи кӯтоҳмуддатеро гӯянд, ки бар хилофи фосфорессенсия дар 10-8— 10-9 сонияи баъди қатъи ангезиш хомӯш мешавад. Одатан, ҳангоми гузаришҳои квантии спонтании молекула аз ҳолати электронии ангехта ба ҳолати нормалӣ ба вуҷуд меояд.

Муфассал »

ФЛОТИЛИЯ

ФЛОТИЛИЯ (франсузӣ fllottile), 1) иттиҳодияи зудамалкунандаи Флоти ҳарбӣ баҳриро гӯянд. Флотилия баҳрӣ, дарёӣ, кӯлй мешавад. Он ё як қисми ягон флоти алоҳида мешавад ва ё ба сарфармондеҳи Флоти ҳарбӣ баҳрӣ итоат мекунад. 2) Соединенияи тактикии киштию заврақҳо дар як қатор давлатҳои хориҷӣ. 3) Баҳамоии киштиҳои саноатӣ, экспедисионӣ ё спортист.

Муфассал »

ФЛОРАКИС Харилаос

ФЛОРАКИС Харилаос (таваллуд 20. 7. 1014, Палеозуглони, Фессалия), ходими ҳаракати коргарии Юнон. Аъзои Партияи Коммунистии Юнон (ПКЮ) аз соли 1941. Иштирокчии Ҳаракати Муқобилат дар Юнон (1941 —44). Солҳои ҷанги граждании Юнон (1946—49) дар Армияи демократии он вазифаҳои фармондеҳиро иҷро мекард. Аз соли 1949 номзад ба аъзоии Комитети Марказии аз соли …

Муфассал »

ФЛОГОПИТ

flogopit-5

ФЛОГОПИТ (аз юнонӣ рlogopos) — оташбор, дурахшон), минералест аз гурӯхи абрақҳо. Таркиби химийвиаш К (Мg, Ғе)3 [АISiО10] (ОН, Ғ)2. Дар системаи моноклинӣ кристалл мебандад. Ранги кристаллҳояш бӯр, сабз, сиёҳ. Кристаллҳояш тахтамонанди призмашакл, агрегатҳояш пулакчамонанд. Сахтиаш 2,5—3; зичиаш 2,7—2,9 г/см3. Асосан дар скарнҳои магнезиалӣ, карбонатҳо ва ҷинсҳои ишқории ултраасосӣ вомехӯрад. Бинобар …

Муфассал »