Маълумоти охирин
Главная / Гуногун (страница 51)

Гуногун

ФОСФАТҲОИ ХӮРОКИ ЧОРВО

fosfat

ФОСФАТҲОИ ХӮРОКИ ЧОРВО, моддаҳои минералии калсий ва фосфордореро гӯянд, ки ба хӯроки ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ҳамроҳ мекунанд. Фосфатҳои хӯрокиро бо ем, силос, кунҷора ва бехмева меомезанд.

Муфассал »

ФОРУҚӢ Шайх Иброҳими Қавом

ФОРУҚӢ Шайх Иброҳими Қавом (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 15). Форуқӣ дар вилояти Биҳори Ҳиндустон ба дунё омадааст. Форуқӣ муаллифи фарҳанги «Шарафномаи Аҳмади Маньярӣ» мебошад. Дар тазкираҳо ва дар фарҳанги зикрёфта шеърҳои ӯ (қасидаҳо, манзумаҳои хурд, ғазалҳо ва ғайра) ҷой дода шудаанд. Номаҳо ва …

Муфассал »

ФОРТУНАТОВ Филип Фёдорович

ФОРТУНАТОВ Филип Фёдорович (14. 1. 1848, Вологда—а 10. 1914, Косалма, ҳозира раёни Прионежски РАСС Карел.), забоншиноси рус, академики Акдемияи Фанҳои Петербург (1898). Асосгузори мактаби забоншиносии Москва. Бештари корҳои Фортунов ба фонетикаи забонҳои ҳиндуевропоӣ оиданд. Фортунов асосгузори қонуни тағйири ҷои зада дар забонҳои балтӣ ва славянӣ вобаста ба оҳанги талаффуз (интонасия) …

Муфассал »

ФОРСИХОНОВ Содир Эшонхонович

ФОРСИХОНОВ Содир Эшонхонович (таваллуд 24. 5. 1924, Совети қишлоқи Чортеппаи ҳозира раёни Ленин), зоотехники советии тоҷик, доктори илмҳои хоҷагин қишлоқ(1982), профессор (1983) . Аъзои КПСС аз соли 1947. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Иститути хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст (1950). Зоотехники хоҷагии таълимии Техникуми зооветеринарии раён Сталинобод (1950 —51), аспирант, …

Муфассал »

ФОРОБӢ Абӯнаср Муҳаммад ибни Тархон

ФОРОБӢ Абӯнаср Муҳаммад ибни Тархон (873, Фороб—950, Димишқ), олими энсиклопедист ва файласуфи Шарқи Наздику Миёна. Форобӣ дониши ибтидоиро дар зодгоҳаш деҳаи қадимаи Фороб гирифта, сипас барои такмили илм ба Бухоро ва Бағдод сафар кард. Илми фалсафаро дар назди донишмандони давр Абӯбишри Матто ва Юҳанно ибни Хайлон омӯхт. Форобӣ пас аз …

Муфассал »

ФОРМАЦИЯ

ФОРМАЦИЯ (аз лотинӣ Formatio — ташаккул, пайдоиш), формасияи геологӣ, геоформасия, геогенерасия, маҷмӯи табиии ҷинсҳои кӯҳӣ, минералҳо ва маъданҳора гӯянд, ки аз ҷиҳати парагенетикӣ бо ҳамдигар зич алоқаманд буда, аз рӯи синн ва шароити геологии пайдоиш ба якдигар тамоман наздиканд. Мафҳуми «формасия» дар асри 18 барои ифода намудани табақаҳои ғафси ҷинсҳои …

Муфассал »

ФОРИҒИ ҲИСОРӢ

ФОРИҒИ ҲИСОРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (охири асри 18 ва нимаи аввали асри 19). Аслу насаби Фориғи Ҳисорӣ маълум нест. Айёми ҷавонӣ ва таҳсили ибтидоияш дар яке аз деҳаҳои Ҳисор гузаштааст. Сипас, барои таҳсил ба Марғелон рафтааст. Баъд ба Ҳисор баргашта, дар ҳамин ҷо вафот кардааст. Девони …

Муфассал »

ФОРИҒИ БАДАХШОНӢ

ФОРИҒИ БАДАХШОНӢ (Маҳмудбек (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Бародарзодаи Муллошоу Шоҳмуҳаммади Бадахшонӣ. Дар Кашмир зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ба қавли тазкиранависон (масалан, «Тазкираи шуарои Кашмир»-и Аслаҳ) соҳибдевон будааст, вале девонаш дастрас нагардидааст. Абёти парокандаи ғазалиёту қасоидаш боқист. Намунаҳо аз шеъря Фориғи Бадахшонӣ: Бувад аз пухтани ҳар …

Муфассал »

ФОРИСӢ

ФОРИСӢ Абӯалӣ Ҳасан ибни Аҳмад ибни Абдулғаффор ибни Муҳаммад (901, шаҳри Фесои Форс — 987, Бағдод), забонишиноси араб. Эроннажод. Дар осори Форисӣ бештар масъалаҳои сарфу наҳви забони арабӣ тадқиқ шудаанд («Ҷавоҳир-ун-наҳй», «Китоб-ут-тазкира», «Ал-масоил-ул-мушкила», «Ал-Иғфол фӣмо ағфалаҳу аз-Заҷҷоҷ филмаонӣ» ва ғайра). Муҳимтарин асари Форисӣ дар ин бобат «Ал-Эзоҳ фин-наҳв» мебошад, ки …

Муфассал »