Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОРСИХОНОВ Содир Эшонхонович

ФОРСИХОНОВ Содир Эшонхонович

ФОРСИХОНОВ Содир Эшонхонович (таваллуд 24. 5. 1924, Совети қишлоқи Чортеппаи ҳозира раёни Ленин), зоотехники советии тоҷик, доктори илмҳои хоҷагин қишлоқ(1982), профессор (1983) . Аъзои КПСС аз соли 1947.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Иститути хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст (1950). Зоотехники хоҷагии таълимии Техникуми зооветеринарии раён Сталинобод (1950 —51), аспирант, ходими илмии институти тадқиқоти илмии чорводории Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1951—57), директори институти тадқиқоти илмии чорводорӣ ва ветеринарии Тоҷикистон (1957—64), мудири кафедраи парвариш ва генетикаи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва ҷонишини ректори институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон оид ба илм (1961—75) ва аз соли 1975 директори институти тадқиқоти илмии чорводории Комитети давлатии агросаноатии РСС Тоҷикистон. Ӯ оид ба инкишофи гӯсфандпарварӣ тадқиқоти илмӣ бурда, барои нигоҳ доштан, афзудану такомули зоти гӯсфалдани сергӯшту серравған (алалхусус гӯсфанди ҳисорӣ) саҳми арзанда гузоштааст. Ба Шӯъбаи биологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқи институти тадқиқоти илмии чорводории Комитети давлатии агросаноатии РСС Тоҷикистон роҳбарӣ (аз 1980) намуда, соҳаҳои нави тадқиқоти илмиро дар чорводорӣ (радиобиология, иммуногенетика, асосҳои биохимиявии пешгӯяи маҳсулюгги чорвои калони шохдор ва моли майда) вусъат дод.
Оид ба соҳаҳои гуногуни чорводорӣ (махсусан гӯсфанди ҳисорӣ) 120 мақолаву асарҳои илмӣ нашр кардааст. Бо 7 медал ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Асар: Гиссарская порода овец, Душанбе,
1981; Животноводство Таджикистана, Душанбе. 1984.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …