ШАББЎЙ, шаббӯ, гули шаббуй (Mattbiola incana), гулест, ки шаб бӯи хуш медиҳад; аз рӯи таснифоти ботаникӣ гиёҳест аз оилаи чилликгулҳо. Пояаш рост, сер-шох (то 80 см қад мекашад). Баргаш нештармонанд ё байзашакл. Гулаш гуногунранг (сурх, бунафш, сафед ва ғ.), одатан сербарг, хушбӯй. Шаббўй гули маъмулест, ки аз қадим мепарваранд. Фаррухӣ …
Муфассал »ЧӮПОНЧОЙ
ЧӮПОНЧОЙ, мухаллас (Dian-thus tetralepis), гиёҳӣ худрӯи бисьёрсолаест аз ҷинси мехак (оилаи мехакиҳо). Пояаш рост, сершохча, 15—20 см қад мекашад. Баргаш дарозрӯя (дарозиаш 2—5 см, бараш 1—2 мм), гулаш гулобӣ, сафед ё арғувонӣ, дар нӯги поя ва шохча яктоӣ мешукуфад. Ғӯзааш кушодашавандаи сертухм, тухмаш майдаи сипаршакл, сиёҳ. Дар ҷойҳои санглох ва …
Муфассал »ЧӮЛИНГОН
ЧЎЛИНГОН, чӯлинг, шибитак (Galagania fragrantissima), як навъ гиёҳи бисьёрсолаи худрӯи ғазоист (аз оилаи чатргулҳо). Бештар ба шибит монанд аст ва бӯи баланд дорад. Пояаш сершохубарг, 40—100 см қад мекашад. Пиёзакаш майдаи байзашакл. Гулаш майдаи зард (дарозии гулбаргаш 0,7—0,9 мм). Мевааш (дарозиаш 1,8—2,8 мм) қад ва ранги баланд. Моҳҳои июнь — …
Муфассал »ЧУҚОЛА
ЧУҚОЛА, чоқала, чоқла, шохала, шоқала (Inula grandis), гиёҳи бисьёрсолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш рост, аз 35 см то 2 м қад мекашад, баргаш калон (дарозиаш 21—61 см, бараш 11— 24 см), чарммонанд, дарозрӯя, байзашакл (дар бехи поя паиҳам ҷойгир аст), гулаш зард, хӯшагулаш «сабадак». Моҳҳои июнь — сент. гул мекунад. …
Муфассал »ЧУҚОЛАИ САГАК
ЧУҚОЛАИ САГАК (Rhapanticum), ҷинси гиёҳҳои бисьёрсолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш камшох, баргаш чарммонанд, аввалҳои гулшукуфт сабзи зардтоб мешавад. Гулаш дуҷинса, арғувонии бунафш, баъзан зард: тухмаш чорқирра. 17 намудн он дар Нимкураи Шимолӣ (аз уқ. Ором тавассути Осиё то Европаи Ғарбӣ) мерӯяд. Дар СССР 12 (дар. Тоҷикистон 2) намуди Чуқолаи сагак …
Муфассал »ЧОРМОҒАК
ЧОРМОҒАК, чормоғкаҳак, чормоғбутта, занбӯя, сояи сангбаққа (Dictamnus tadsbiko-rum), гиёҳи бисёрсолаи худрӯст (аз оилаи судобиҳо). Пояаш рост, сербарг (65—150 см қад мекашад). Баргаш пармонанд, мураккаб (аз баргчаҳои бисёр иборат); гулаш калони 5-барга (дарозии гулбаргаш 2—4,5 .см, бараш 0,6—2 см), гулоби ё гулобии сурхтоб; хушагулаш базеб (дарозиаш 8—30 см), тутшакл, сергул (ҳар …
Муфассал »ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ
ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ, финдиқи заминн, арахис (Arachis hy-pogac), гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Пояаш борик, сершохи сабз ва серпашмак, ба монанди палак месабзад. Баргаш мураккаби пармонанд (аз 2 ҷуфт баргчаҳо иборат), хушагулаш 5—7-гула, шукуфааш зард ё норинҷӣ, ғилофакмевааш 1—5-тухма (дарозиаш 1—3 см), мағзаш лӯнда ё дарозрӯя, гулобӣ ё гулобии ҷигарранг, май …
Муфассал »ЧОЙҶУВОРӢ
ЧОЙҶУВОРӢ, ҷорубҷуворӣ (Sorghum technicum), гиёҳи як ё бисёрсолаест аз оилаи хўшаиҳо. Пояаш рост (2 м ва беш аз он), баргаш (дар як бех аз 6 то 50-то) назар ба барги ҷуворимакка бориктар аст: якто хӯшааш то 3500-то дона мебандад. Донааш мудаввар ва байзашакли сурх. Чойҷуворӣ растании ба хушкӣ ва гармӣ …
Муфассал »ЧОЙКАҲАК
ЧОЙКАҲАК, чойалаф, чойчуба, алафи чояк, далачой, сурхчой, чойлоқӣ, чачарашқу, чачароғу (Hypericum perforatum), як навъ гиёҳи бисьёрсолаест аз оилаи чойкаҳакиҳо. Пояаш рост, сабз (баъзан бури сурхтоб), сершохубарг; гулаш зард, 5-барга (моҳҳои май —июль мешукуфад). Чойкаҳак дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон (600—3000 м аз с. б.) гиёҳи маъмул аст. Одатан дар минтақаи ҷангалзори …
Муфассал »ЧОЙИ МУРОД
ЧОЙИ МУРОД, муродчой (Al-chemilla hissarica), гиёҳи бисьёрсолаест аз оилаи настаранҳо. 10—30 см қад мекашад. Баргаш гурдашакл ва дарозрӯя, 3—9-парра (бараш 1—5 см), дандонадор. Хӯшагулаш туғшакл (аз 5—9 қуббачаҳои сергул иборат аст); гулаш майда, сабзи зардтоб (моҳҳи июнь — авг. гул карда тухм мебандад). Гиёҳи хоси Помиру Олой аст. Дар Тоҷикистон …
Муфассал »