Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧӮЛИНГОН

ЧӮЛИНГОН

ЧЎЛИНГОН, чӯлинг, шибитак (Galagania fragrantissima), як навъ гиёҳи бисьёрсолаи худрӯи ғазоист (аз оилаи чатргулҳо). Бештар ба шибит монанд аст ва бӯи баланд дорад. Пояаш сершохубарг, 40—100 см қад мекашад. Пиёзакаш майдаи байзашакл. Гулаш майдаи зард (дарозии гулбаргаш 0,7—0,9 мм). Мевааш (дарозиаш 1,8—2,8 мм) қад ва ранги баланд. Моҳҳои июнь — июль гулу мева мекунад.

Gagea lutea

Чўлингон дар бисьёр ноҳияҳои Точикистон нумӯ меёбад. Одатан дар минтақаи алафзор, ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг, пуштаҳо, нишеби кӯҳҳо ва ғ. (500—2200 м аз с. б.) месабзад. Чўлингонро ба монанди шибит тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд. Ба таомҳои гуногун меандозанд ва дурит тайёр менамоянд. Ба маҳсулоти ширӣ (чакка, қурут, дуғ, ҷурғот ва ғ. )низ ҳамроҳ мекунанд. Чўлингон хӯрокро хушҳазм ва хуштаъм мекунад; иштиҳоовар аст, кори узвҳои ҳозимаро тақвият медиҳад. Барои очоронии бодиринг, карам, помидор ва ғ. низ истифода мебаранд.

Баргу пояаш (аввалҳои нашъунамо) 12—15% сафеда, 4,7% равған, то 0,36% равғани эфир, 4,7% моддаҳои даббоғӣ, 462 мг% вита мини С, 1,7 мг% каротин (провитамини А) ва ғ. дорад. Бехи Чўлингон низ хӯрданист.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …