Маълумоти охирин
Главная / Теги: гиёҳ (страница 10)

Теги: гиёҳ

ЧОИ ШАБГАРДАК

choi-shabgardak

ЧОИ ШАБГАРДАК, сиёҳсарак, тутғӯзак (Poterium), ҷинси гиёҳҳои бисьёрсола ё нимбуттаву буттаест аз оилаи настаранниҳо. Дар шароити табиии Помиру Олой 30—80 см қад мекашад. Пояаш рост, барги бехи пояаш аз 5—6, 8, 12, 17 баргча иборат аст. Гулаш майдаи сабзтоб. Мевааш ду тухма. Май — июнь гул карда, июнь — июль …

Муфассал »

ЧИЛБАНД

chilband

ЧИЛБАНД, чилбуғум, бандак, буғумалаф, буғумак, буғумбандак, думи асп, аспдумак, шутурдум (Equisctum arvense), гиёҳм бисёрсолаи спорадорест аз оилаи чилбандиҳо. То чуқурии 150 см реша меронад. Пояаш ду навъ — спорадор (самаровар) ва нашвӣ (бесамар) мешавад. Пояи спорадори Чилбанд сурхтоб, бӯр ё зардтоб ва сероб буда, то 60 см қад мекашад. Пояи …

Муфассал »

ЧАШМИ МОҲӢ

chashmi-mohi

ЧАШМИ МОҲӢ (Climacoptera transoxana), гиёҳи яксолаест аз оилаи шўраиҳо. 20—60 см қад мекашад. Пояаш сершоху сербарг; гулаш майда, зардтоб, арғувонӣ. Асосан дар Осиёи Миёна (соҳилҳои д. Аму, ғарби Помиру Олой) ва Хитои Ғарбӣ мерӯяд. Дар республикаи мо бештар дар шӯразор, анбӯҳи сафедору газ (ноҳияҳои ҷан. Тоҷикистон; 350—900 м аз с. …

Муфассал »

ЧАШМИ ЗОҒ

herb-paris

ЧАШМИ ЗОҒ, зоғчашмак (Pa­ris), як ҷинси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи занбақиҳо. Баргаш байзашакл ё нештаршакл, гулаш дар нўги поя мешукуфад, сабзи зардтоб; тармева ё ғӯзаи сиёҳтоб дорад. Махсусан Чашми зоғи чорбарга (Р. quadrifolia) маъмул буда, дар бешаҳо ва байни буттазори минтақаҳои сернам , вомехӯрад. Чашми зоғ растании заҳрнок аст. Дар …

Муфассал »

ЧАШМИ ГӮСОЛА

chashmi-gusola

ЧАШМИ ГӮСОЛА, гӯсолачашмак, чашми гов, гули говак, гули кабудак, осмонгулак, бӯтакўз (Centaurea cyanus), гиёҳи яксолаест аз оилаи мураккабгулҳо. Пояаш рости сершох; 30—130 см қад мекашад. Алафи бегонаи киштзори гандум, ҷав, ҷавдор, зағир, юнучқа, инчунин полиз ва боғ ҳисоб меёбад. Чашми гўсола гиёҳи доруист. Табибони халқӣ  нақеъ (настой) ва ҷушоби гули  …

Муфассал »

ЧАШМИ БУЛБУЛ

xhashmi-bulbul

ЧАШМИ БУЛБУЛ (Alyssum), як ҷинси гиёҳ, баъзан нимбуттаро гӯянд (аз оилаи чилликгулҳо). Пояаш рости сербарг, баргаш яклухт. Гулаш майда, зард ё зарди кушод. Mевааш ғилофак.Дар Тоҷикистон 5 намуди худрӯи Чашми булбул (A. dasycarpum, A. stenostachyum, A. deserto-rum, A. campestre,A. marginatum — ниг. расм) аз ҳамвориҳо то минтақаи миёнакӯҳ месабзад. Ҳамаи …

Муфассал »

ЧАНГОЛАК

changolak

ЧАНГОЛАК, чиллагиёҳ, ч илладору (Thalictrum isopyroides), як навъ гиёҳи худруест аз оилаи чиноракиҳо. Пояаш камшоха (25— 50 см қад мекашад). Баргаш пармонанд, бештар дар буни поя месабзад. Гул ва тухмаш майда моҳҳои март-июл гул карда тухм мебандад). Одатан дар минтақаи алафзор, ҷангалзори гармсер (бештар дар пистазор), арчазор, даштҳои баландкӯҳ, нишебиҳои …

Муфассал »

ХУҶДОРИҲО

xujdoriho

ХУҶДОРИҲО, девмашангиҳо (Verbenaceae), оилаи гиёҳ, бутта, лиана ва дарахтонро гўянд. Барги содда, баъзан панҷа монанди дандонадор ё яклухт, гули асосан 5-барга, хӯшагули саракмонанд 6 чатршакл, меваи донакдор ё ғӯзаи 2- 4-палла доранд. Дар Тоҷикистон 2 намуди худрӯи Xуҷдориҳо— хуҷдор ва симолӣ нуму меёбад. Бисёр намудҳои Xуҷдоиҳо аҳамияти хоҷагӣ доранд. Mac., …

Муфассал »

ХУҶДОР

xujdor

ХУҶДОР, говмашанг, девмашанг, нарқайсар (Verbena officinalis), гиёҳи бисёрсолаи худрӯест аз оилаи хуҷдориҳо. Пояаш рост, чорқирра, сершоха (аз 10 см то 1 м қад мекашад). Баргаш пармонанди чок-чок ё паррадор (дарозиаш 3—9 см, бараш 1—4 см). Хӯшагулаш ҷорӯбакмонанд (дарозиаш 10—25 см), гулаш майда, 4 баргаи гулобӣ, нофармон, кабуд ё нилгул (аз …

Муфассал »

ХУРФА

xurfa

  ХУРФА, хулфа, чавлигӯштак, чавлонгӯштак, вашфанг, синҷоб, хафраҷ, пар­наҳн, фарфах, фарфина, бақ­лаи Зӯҳро, бақ­лаи Тоҳир (Роrtulaca aleracea), гиё­ҳи яксолаест аз оилаи хулфаиҳо. 10—35 см қад мекашад. Баргаш байзашакл ё белчашакл (дарозиаш 0,8—3 см, бараш 0,5—1 см), сергӯшт, сероб. Гулаш майда, зард; охири моҳи май ба шукуфтан cap ме­кунад ва аз …

Муфассал »