ЧАШМИ БУЛБУЛ (Alyssum), як ҷинси гиёҳ, баъзан нимбуттаро гӯянд (аз оилаи чилликгулҳо). Пояаш рости сербарг, баргаш яклухт. Гулаш майда, зард ё зарди кушод. Mевааш ғилофак.Дар Тоҷикистон 5 намуди худрӯи Чашми булбул (A. dasycarpum, A. stenostachyum, A. deserto-rum, A. campestre,A. marginatum — ниг. расм) аз ҳамвориҳо то минтақаи миёнакӯҳ месабзад. Ҳамаи он намудҳои Чашми булбул, ки дар республика мерўянд, растаниҳои эфемероидианд (давраи нашвишон кўтоҳ); барои моли майда алафи хубанд. Тухми Чашми булбул (A. desertorum) 11—21% равған дорад.
Чашми булбулро табибони халқӣ барои табобати пиодермия (илтиҳоби римноки пӯст) истифода мебаранд. 25 навъи Чашми булбулро чун гул мепарваранд.
Ад.: Юнусов С. Ю.. Род Бурачок — Alyssum, дар кит.: Флора Таджикской ССР, т. 5, Л., 1978. С. Юнусов.