Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧОИ ШАБГАРДАК

ЧОИ ШАБГАРДАК

ЧОИ ШАБГАРДАК, сиёҳсарак, тутғӯзак (Poterium), ҷинси гиёҳҳои бисьёрсола ё нимбуттаву буттаест аз оилаи настаранниҳо. Дар шароити табиии Помиру Олой 30—80 см қад мекашад. Пояаш рост, барги бехи пояаш аз 5—6, 8, 12, 17 баргча иборат аст. Гулаш майдаи сабзтоб. Мевааш ду тухма. Май — июнь гул карда, июнь — июль ту хм мебандад.

choi-shabgardak

Дар дуньё 30—35 намуди Чои шабгардак мерӯяд. Дар Тоҷикистон 2 намуди он (Р. polyganum, Р. lasiocarpum) нумӯ меёбад. Чои шабгардак дар ҷойҳои серрег, санглох, лаби ҷӯйҳо, соҳили дарьё, замини партов (1000—2200 м аз с. б.) месабзад.

Чои шабгардакро чорво нағз мехӯрад. Табибони халқӣ баргу пояи Чои шабгардакро барои табобати заъфи меъда ва гурда тавсия медиҳанд. Аз баргу пояи он чой дам карда менӯшанд. Баргу пояи Чойи шабгардак то 61,9 мг% витамини С, моддаҳои даббоғӣ дорад. Гиёҳи Sanqui-sorba alpina-po низ дар баъзе маҳалҳо Чои шабгардак меноманд.

М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …