Маълумоти охирин
Главная / Биология / ЧОЙҶУВОРӢ

ЧОЙҶУВОРӢ

ЧОЙҶУВОРӢ, ҷорубҷуворӣ (Sorghum technicum), гиёҳи як ё бисёрсолаест аз оилаи хўшаиҳо. Пояаш рост (2 м ва беш аз он), баргаш (дар як бех аз 6 то 50-то) назар ба барги ҷуворимакка бориктар аст: якто хӯшааш то 3500-то дона мебандад. Донааш мудаввар ва байзашакли сурх. Чойҷуворӣ растании ба хушкӣ ва гармӣ тобовар аст (ҳангоми гулшукуфт ба ҳарор. 40°С ва беш аз он хуб тоб меорад).

choyjuvori

Дар ноҳияҳои республика бештар Чойҷувории навъҳои «Ҷорӯбии 623» (навъи Чойҷувории пастқади Осибёи Миёна), «Ҷорубии маҳаллӣ» ва якчанд навъҳои дурагаи онро мепарваранд; аз ҳар га 1500 ц ва беш аа он баргу пояи сабз меғундоранд. Баргу пояи Чойҷуворӣ бо вуҷуди то саркашӣ ва гулкунӣ сахт шуданаш дар давраи думбулии донаш силоси хуб мешавад. Силоси Чойҷуворӣ 2,67% протеин ва 17,70% моддаҳои қиёмии бенитроген дорад. Дар 1 кг силос 10,08 мг каротин (провитамини А) ҳаст, 100 кт-аш 0,6 кг протеини ҳозам дорад ва баробари 22 воҳиди хӯроки чорвост. Баргу пояи Чойҷувориро дар давраи пурра пухтани донаш низ силос мекунанд. Аз як га Чойҷуворӣ 15— 20 ц дон ва аз ҷорӯбакаш 2—4 ҳаз. дона ҷорӯб тайёр кардан мумкин. Ярмаи дони Чойҷувориро ба чорво медиҳанд.

Ад.: Зироатҳои хуроки чорво дар Тоҷикистон, Д., 1965; Қосимов Қ. (ва диг.], Зироатҳои Тоҷикистон, Д., 1975; Литвинов В. Н., Кормовые культуры Таджикистана, Д., 1978. А. Холматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …