Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТЕСЛА Никола

tesla

ТЕСЛА (Теslа) Никола (10. 7. 1856, Смилян, собиқ Австрия — Вонтрия, ҳозира РСФСР —7. 1. 1943, Ню Йорк), ихтироъкор дар соҳаи электротехника ва радиотехника. Соли 1888 Тесла (новобаста аз Г. Феррарис ва андаке пеш аз ӯ) моҳияти ҳодисаи майдони магнитии ҷархзанандаро илман шарҳ дод. Дар ҳамон сол Тесла барои ихтирои …

Муфассал »

ТЕРПЕНҲО

terpenho

ТЕРПЕНҲО, як гурӯҳ карбогидридҳоро номанд, ки молекулаашон аз чанд молекулаи изопрен (С5Н8) таркиб ёфтааст. Формулаи умумиашон (С5Н8) п = 2, 3, 4 ва ғайра. Аз рӯи миқдори молекулаи изопрени таркибашон Терпенҳо ба монотерпенҳо (ин пайвастро одатан терпенҳо меноманд), сесквитерпенҳо ё якунимтерпенҳо (С5Н8)3, дитерпенҳо (С5Н8)4, тритерпенҳо (С5Н8)6 (,ба ин гӯруҳ стерин …

Муфассал »

ТЕРОСИПОВ Юрий Григоревия

ТЕРОСИПОВ Юрий Григоревия (таваллуд 4. 2. 1933, шаҳри Кировободи РСС Озарбойҷон), композитор ва педагоги советӣ. Баъди хатми Консерваторияи Боку (1957) ба Тоҷикистоя омада, солҳои 1959—74 дар Омузишгоҳи мусиқии Душанбе дарс гуфтааст. Аз соли 1974 ин ҷониб дар Москва зиста, бо санъати мусиқии республика робитаи эҷодӣ дорад. Теросипов композитори сермаҳсул буда, …

Муфассал »

Шаҳри ТЕРНОПОЛ

ternopol-c

ТЕРНОПОЛ (собиқ Тарнопол), шаҳрест дар РССУ, маркази вилояти Тернопол. Дар соҳили дарёи Серет (шохоби Длестр) воқеъ гаштааст. Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 175 ҳазор нафар (1984). Тернопол яке аз марказҳои саноатии республика мебошад. Соҳаҳои муҳими саноаташ: хӯрокворӣ (комбинати гӯшт, заводҳои қанд, пивопазӣ) ва саноати сабук (комбинати …

Муфассал »

Вилояти ТЕРНОПОЛ

ternopol-v

ТЕРНОПОЛ, вилоятест дар ҳайати РССУ. 4 декабри 1939 ташкил шудааст. Масоҳаташ 13,8 ҳазор км2. Аҳолиаш 1157 ҳазор нафар (1984). Вилоят ба 16 район тақсим шуда, 14 шаҳр, 15 птш дорад. Марказаш шаҳри Тернопол. Қисми зиёди терреторияи вилоят аз баландиҳои 300—400 м иборат аст. Иқлимаш континентии мӯътадил. Ҳарораташ миёнаи январ—4,6,—5,70С, июл …

Муфассал »