Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТОЛИБОВ Рауф

ТОЛИБОВ Рауф (таваллуд 5. 10. 1930, деҳаи Ғӯлакандози раёни Пролетари вилояти Ленинобод), механизатор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1966). Аъзои КПСС аз соли 1959. Муаллим, ҳисобчӣ, механизтор, механик (1944 —77) буд. Аз соли 1978 мудири участкаи колхози ба номи В. И. Ленини Нов. Дар ғунучини мошинии пахта саҳм гузошт. Бо ордени Ленин, …

Муфассал »

ТОЛИС – Пӯлодов Толстой

ТОЛИС (Пӯлодов Толстой) (24. 8. 1929, Хуҷанд—16. 9. 1961, Душанбе), нависандаи советии тоҷик. Аъзои КПСС аз соли 1957. Аз оилаи зиёӣ. Ҳуруфчин ва линотиписти матбааи шаҳри Ленинобод, актёри театри драма, ходими адабӣ, мудири шӯъбаи газетаи «Ҳақиқати Ленинобод», котиби масъули журнали «Лионер» («Машъал») ва муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1946—53); аз соли …

Муфассал »

ТОЛИБОВ Абдурраҳмон Наҷҷорзода

ТОЛИБОВ Абдурраҳмон Наҷҷорзода, Толибӣ (1834, Табрез-1911, шаҳри Темурхоншӯра, ҳозира Буйноқи Республикаи Автономии Совети Сотсиалистии Доғистон), нависандаи эронӣ. Пас аз касби камол (дар Табрез) ба Темурхоншӯра кӯчида, то охири умр он ҷо монд. Муаллифи асарҳои бадеию публисистии «Сафинаи Толибӣ ё Китоби Аҳмад» (1894), «Масоил-ул-ҳаёт ё Китоби Аҳмад» (1906). Маърифатпарвар буд. Ислоҳи …

Муфассал »

ТОЛИБИ ҶОҶАРМӢ Мавлоно Муҳаммад

ТОЛИБИ ҶОҶАРМӢ Мавлоно Муҳаммад (соли таваллуд номаълум — вафот 1450, Шероз), шоири форс-тоҷик. Шогирди Озарии Тӯсӣ. Соҳибдевон. Ба чанд ғазали Саъдӣ ва Ҳофиз ҷавоб гуфтааст. Муаллифи маснавии «Гӯй ва Чавгон». Мувофиқи маълумоти «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ, дар болои қабраш чунин абёти худаш сабт шудааст: Дар кӯчаи ошиқи ба паймони дуруст Мегуфт ба …

Муфассал »

ТОЛИБИ ҲИРАВӢ Мавлоно Муҳаммад

ТОЛИБИ ҲИРАВӢ Мавлоно Муҳаммад (соли таваллуд номаълум — вафот 1512), шоири форс-тоҷик. Дар хидмати дарбори ҳукмронони давраш будааст. Дуст ва ҳамсуҳбати Алишери Навоӣ. Муаммо мегуфтааст. Аз ашъораш абёти пароканда боқист. А. Раҳмонов.

Муфассал »